Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар ҳаҷми 90 саҳифа ба нашр расид

Сентябрь 11, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба муносибати ҷашни 90-солагии худ дар ҳаҷми 90 саҳифа ба нашр расид. Дар ин бора сармуҳарири рӯзномаи мазкур Шодихони Назар ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар шумораи 90-саҳифагии рӯзнома андешаҳои донишмандону нависандаҳои барҷаста, рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон ҷамъоварӣ ва бознашр шудаанд. Инчунин доир ба  давраҳои гуногун  аксҳои гӯё, ки вазъи замони худро бозгӯӣ мекунанд, рӯи чоп омадаанд.

Мақсад аз ҷамъоварии муҳимтарин мақолаҳои давр дар шумораи идонаи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»-ин огоҳ намудани хонандагон аз таърихи рӯзнома  мебошад,- афзуд Шодихони Назар.

Ёдовар мешавем, ки ин рӯзнома аввалин маротиба 5 апрели соли 1930 бо номи «Комсомоли Тоҷикистон» нашр гардида, сипас солҳои 1945-1956 бо номи «Ҷавонони Тоҷикистон» чоп гардиааст.

Баъд аз фаъолияти тӯлонии худ боз солҳои 1956-1988 бо номи «Комсоли Тоҷикистон» аз чоп баромад. Аз соли 1998 инҷониб бо номи «Ҷавонони Тоҷикистон» нашр ва дастраси хонандагон мегардад.

Сентябрь 11, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд