Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар ҳаҷми 90 саҳифа ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба муносибати ҷашни 90-солагии худ дар ҳаҷми 90 саҳифа ба нашр расид. Дар ин бора сармуҳарири рӯзномаи мазкур Шодихони Назар ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар шумораи 90-саҳифагии рӯзнома андешаҳои донишмандону нависандаҳои барҷаста, рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон ҷамъоварӣ ва бознашр шудаанд. Инчунин доир ба давраҳои гуногун аксҳои гӯё, ки вазъи замони худро бозгӯӣ мекунанд, рӯи чоп омадаанд.
Мақсад аз ҷамъоварии муҳимтарин мақолаҳои давр дар шумораи идонаи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»-ин огоҳ намудани хонандагон аз таърихи рӯзнома мебошад,- афзуд Шодихони Назар.
Ёдовар мешавем, ки ин рӯзнома аввалин маротиба 5 апрели соли 1930 бо номи «Комсомоли Тоҷикистон» нашр гардида, сипас солҳои 1945-1956 бо номи «Ҷавонони Тоҷикистон» чоп гардиааст.
Баъд аз фаъолияти тӯлонии худ боз солҳои 1956-1988 бо номи «Комсоли Тоҷикистон» аз чоп баромад. Аз соли 1998 инҷониб бо номи «Ҷавонони Тоҷикистон» нашр ва дастраси хонандагон мегардад.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид






