Раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони ноҳияи Спитамен кумак намуд
ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари гурӯҳи кории 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода тарбиятгирандагони интернати наздимактабии ноҳияи Спитаменро аёдат намуда, ба 22 нафар хонандагон либосҳои зимистона, маводи безараргардонӣ, ба монанди антисептик, ниқобҳои муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, китобҳои бадеӣ ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тақдим намуд. Дар ин бора аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ҳамчунин дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ роҳбарияти Суди Олии иқтисодии мамлакат барои аёдат ба Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №1»-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе рафта, ба тарбиятгирандагон кумаки молӣ намуд.
Мавлуда Қаландарзода таъкид намуд, ки тамоми тарбиятгарони мактаб-интернатҳои мамлакат дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дошта, барои таъмини зиндагии шоистаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






