Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 14, 2020 19:50

ДУШАНБЕ, 14.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Ҷонмаҳмад Холиқови шаҳраки Бӯстон қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»-ро, ки аз рӯи лоиҳаи зебою замонавӣ бунёд шудааст, бо иштироки наврасону ҷавонон ва дӯстдорони варзишу тарбияи ҷисмонӣ мавриди истифода қарор доданд.

Бунёди қасри варзиш бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби машқу тамрин, эҳёву рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштин, гӯштини миллӣ, камарбандӣ, дзюдо, гӯштини самбо ва намудҳои дигари варзишӣ миллӣ ба роҳ монда шудааст.

Лоиҳаи иншооти варзишӣ бо дарназардошти унсурҳои меъморӣ, ороишӣ хосаи замони муосир ва фароҳам овардани шароити меъёрии машғул шудани наврасону ҷавонон ба машқу тамрин, баргузории чорабинию мусобиқаҳои варзишӣ таҳия гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи майи соли 2018-ум оғоз гардида, дар бунёди иншоот 10 нафар сохтмончии ватанӣ малака ва донишу таҷрибаи хешро истифода намудаанд.

Масоҳати умумии иншооти варзишӣ 880 метри муррабаъро ташкил дода, аз як ошёна иборат мебошад.

Дар толори асосӣ ду ҷой барои тамрин, баргузории мусобиқаҳо мавҷуд буда, барои тамошои машғулиятҳову мусобиқаҳои варзишӣ ба 200 нафар тамошобин ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст.

Дар маҷмааи варзишӣ барои машғул шудани то 100 нафар варзишгарон ба машқу тамрин шароит фароҳам гардидааст ва ҳамзамон ҳуҷраҳои истироҳатию либосивазкунӣ низ мавчуд мебошад.

Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ» бо мақсади оммавияти варзишу тарбияи ҷисмонӣ, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба обу тоби бадан бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз қасри «Паҳлавонони суғдӣ» ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, машғул шудан ба варзишу тарбияи ҷисмониро омили муҳими таъмини солимии ҳар нафар, омода шудан ба мусобиқаҳои варзишӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани давлату миллат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ арзёби намуданд.

Дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ айни замон 7 варзишгоҳ, 41 толори варзишӣ, 21 майдончаи муосири варзишӣ ва як ҳавзӣ шиноварӣ амал мекунад, ки дар онҳо 600 нафар варзишгарон, дар қатори онҳо 55 нафар бонувон дар назди устодони соҳа аз рӯӣ намудҳои гуногуни варзиш машқу тамрин менамоянд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ намудҳои гуногуни варзиш рушд карда, ҷавонону наврасон ба футбол, волейбол, баскетбол, гӯштин ва чавгон майлу рағбати зиёд дошта, дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, дар баробари дастовардҳо ба мақоми устоди варзиш комёб гардидаанд.

Сокинон ва ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ бунёди чунин қасри зебою замонавиро ғамхории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли оянда арзёбӣ намуданд.
Ифтитоҳи қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” дар ноҳияи Мастчоҳ 14.09.2020

Сентябрь 14, 2020 19:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд