Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бинои нави маҷмааи озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯроквориро ифтитоҳ намуд

Сентябрь 11, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави маҷмааи озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва санҷиши воситаҳои ченак, ки бо тарҳи муосир бунёд шудааст, ба истифода дода шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки бинои мазкур ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ буда, аз се ошёна иборат мебошад ва масоҳати бинову ҳуҷраҳои кории махсусгардонидашудаи он  зиёда аз 1000 м2-ро ташкил медиҳад. Дар ошёнаи якуми бино озмоишгоҳҳои метрологии санҷиши воситаҳои ченак (ҳисобкунакҳои обию барқӣ, таҷҳизоти барқӣ) ва дар ошёнаҳои дуюму сеюм озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ (бо бахшҳои аналитикӣ, физикию кимиёӣ, спектрометрӣ (атомӣ-абсорбсионӣ), элементҳо ва моддаҳои заҳрнок (волтамперметрӣ), ғалладонагӣ ва микробиологӣ) ҷойгир шуда, инчунин шароити мусоиди кории кормандон дар ҳамаи фаслҳои сол (бо ташкили ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон) мутобиқ ба талаботи муосир ва шаффофияти фаъолият таъмин гардидааст.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018», инчунин тибқи пешниҳодҳои коршиносони созмонҳои байналмилалӣ, ки дар баргузории аккредитатсияи Маркази ташхисии Агентӣ ширкат доштанд, ба истифода додани бинои нави озмоишгоҳи замонавӣ дар шафати бинои Агентии «Тоҷикстандарт» пешбинӣ гардид.

Вобаста ба масъалаи мазкур дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 январи соли 2019 барои сохтмони бинои озмоишгоҳ иҷозати расмӣ дода шуд. Дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе сохтмони бинои сеошёнаи озмоишгоҳ соли 2019 оғоз гардида, дар муддати як сол тибқи лоиҳа ба анҷом расонида шуд.

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, танҳо тавассути ташхиси дақиқ ва истифодаи усулҳои муосир муайян намудани сифати маҳсулоти воридотӣ ва ватанӣ имконпазир мегардад ва омилҳои пешгирикунанда имкон медиҳад, ки ҳуқуқи истеъмолкунанда таъмин гардад.

Зикр гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳҳои Агентӣ ва марказҳои вилоятию минтақавии он бо дастгоҳҳои замонавии зудамал ҷиҳозонида шудаанд, ки сифатнокии намунаҳои ташхисиро дар кӯтоҳтарин муддат муайян мекунанд. Озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ дар фаъолияти Агентӣ нақши муҳим бозида, сол аз сол бо таҷҳизоти замонавию мутахассисони касбӣ таъмин ва доираи фаъолияташ васеъ мешавад, ки ин аз бисёр ҷиҳат ба болоравии сифат ва тоза нигоҳ доштани бозори истеъмолӣ мусоидат мекунад.

Таҷҳизоти нави замонавӣ барои гузаронидани санҷиши молу маҳсулоти ғизоӣ, дигар намуди молу маҳсулот  ва пешгирӣ кардани хатар барои истеъмолкунанда аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

 

Сентябрь 11, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид