Шуъбаи Хадамоти оташнишонӣ дар Бадахшон машқи тактикӣ гузаронид
ХОРУҒ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони қисми мустақили 16-и ҳарбикунонидаи Хадамоти оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Хоруғ дар бозори «20-солагии Истиқлолият»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машқи тактикӣ доир намуданд. Дар ин машқ се мошини оташнишонӣ, як мошини ёрии таъҷилӣ, як мошини Бозрасии давлатии автомобилии вилоят ва дигар воситаву таҷҳизоти зидди сӯхтор истифода шуданд.
Мутобиқи шарти машқи тактикӣ, субҳи сеюми сентябр ба шуъбаи Хадамоти оташнишонии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон хабар доданд, ки дар чанд нуқтаи савдои бозори «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хоруғ бар асари расиши ноқилҳои барқӣ сӯхтор ба амал омадааст. Гурӯҳи махсуси Хадамоти оташнишонӣ бо садо додани бонги изтироб зуд ба маҳали ҳодиса раҳсипор гардид. Мутобиқи меъёри муқарраршуда, мошинҳои оташнишонӣ бояд давоми камтар аз 5 дақиқа ин масофаро тай намоянд, ба шарте ки ронандагони мошинҳои мусофирбар ва боркаш ба ҳаракаташон халал нарасонанд.
Ба гуфтаи муовини сардори шуъбаи Хадамоти оташнишонии ҷумҳурӣ дар ин вилоят Кишвар Аҳмадбекзода, «солҳои қаблӣ ин масофаро гурӯҳи оташнишонӣ давоми 10-15 дақиқа тай мекард. Зеро на ҳамаи ронандагон қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя карда, роҳро барои мошинҳои махсус боз мекарданд. Ҳоло ҳаракати нақлиёт дар шаҳр ба танзим дароварда шуда, воситаҳои нақлиёт ба ҳаракати мошинҳои оташнишонӣ ва ёрии таъҷилии тиббӣ монеа эҷод намекунанд».
Дар як моҳи охир шуъбаи Хадамоти оташнишонӣ дуюмин машқи тактикӣ баргузор мекунад. Зеро пас аз як моҳ ҳаво сард шуда, соҳибони хонаҳои истиқоматӣ, мағозаву дӯконҳо бо мақсади гарм намудани хонаҳо аз бухориҳои гуногуни гармкункунанда истифода мебаранд, ки на ҳамаи ин таҷҳизот ба меъёр ҷавобгӯ ҳастанд. Ин метавонад боиси сар задани сӯхтор гардад.
Ҳангоми иҷрои машқ мутахассисони шуъбаи оташнишонӣ ҳамчунин бо соҳибкорони бозори «20-солагии Истиқлолият» оид ба истифодаи дурусти бухориҳои гармкунанда ва таъмири ноқилҳои барқӣ суҳбат намуданд. Гуфта шуд, ки се сол пеш маҳз дар ҳамин бозор сӯхтори калон ба амал омада, дар натиҷа чандин мағозаву ошхона ва дӯконҳо зарари ҷиддӣ ва даҳҳо соҳибкорон аз ин сӯхтор хисороти калони моддӣ диданд.
Муовини сардори шуъбаи Хадамоти оташнишонии вилоят Кишвар Аҳмадбекзода ба фаъолияти ҳамкорони худ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ баҳои хуб дода, аз онҳо даъват кард, ки пайваста барои такмил додани маҳорату истеъдод саъю талош намоянд. Ҳамчунин ба кормандони бозори «20-солагии Истиқлолият», табибони ёрии таъҷилӣ ва нозирони Бозрасии давлатии автомобилии вилоят барои ҳамкорӣ изҳори сипос кард.








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






