Шуъбаи Хадамоти оташнишонӣ дар Бадахшон машқи тактикӣ гузаронид

Сентябрь 4, 2020 14:13

ХОРУҒ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони қисми мустақили 16-и ҳарбикунонидаи Хадамоти оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Хоруғ дар бозори «20-солагии Истиқлолият»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машқи тактикӣ доир намуданд. Дар ин машқ  се мошини оташнишонӣ, як мошини ёрии таъҷилӣ, як мошини Бозрасии давлатии автомобилии вилоят ва дигар воситаву таҷҳизоти зидди сӯхтор истифода шуданд.

Мутобиқи шарти машқи тактикӣ, субҳи сеюми  сентябр ба шуъбаи Хадамоти оташнишонии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон хабар доданд, ки  дар чанд нуқтаи  савдои бозори «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хоруғ  бар асари расиши ноқилҳои барқӣ сӯхтор  ба амал омадааст. Гурӯҳи махсуси Хадамоти оташнишонӣ бо садо додани бонги изтироб зуд  ба маҳали ҳодиса раҳсипор гардид. Мутобиқи меъёри муқарраршуда,  мошинҳои оташнишонӣ  бояд давоми камтар аз 5 дақиқа ин масофаро тай намоянд, ба шарте ки ронандагони мошинҳои мусофирбар ва  боркаш ба ҳаракаташон халал нарасонанд.

Ба гуфтаи муовини сардори шуъбаи Хадамоти оташнишонии ҷумҳурӣ дар ин вилоят  Кишвар Аҳмадбекзода, «солҳои қаблӣ ин масофаро гурӯҳи оташнишонӣ давоми 10-15 дақиқа тай мекард. Зеро на ҳамаи ронандагон қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя карда, роҳро барои мошинҳои махсус боз мекарданд. Ҳоло ҳаракати нақлиёт дар шаҳр ба танзим дароварда шуда,  воситаҳои нақлиёт ба ҳаракати  мошинҳои оташнишонӣ ва ёрии таъҷилии тиббӣ монеа эҷод намекунанд».

Дар як моҳи охир шуъбаи Хадамоти оташнишонӣ  дуюмин машқи тактикӣ баргузор мекунад. Зеро пас аз як моҳ ҳаво сард шуда, соҳибони хонаҳои истиқоматӣ, мағозаву дӯконҳо бо мақсади гарм намудани хонаҳо аз бухориҳои гуногуни гармкункунанда истифода мебаранд, ки на ҳамаи ин таҷҳизот ба меъёр ҷавобгӯ ҳастанд. Ин метавонад боиси сар задани сӯхтор гардад.

Ҳангоми иҷрои машқ мутахассисони шуъбаи оташнишонӣ ҳамчунин бо соҳибкорони бозори «20-солагии Истиқлолият» оид ба истифодаи дурусти бухориҳои гармкунанда ва таъмири ноқилҳои барқӣ суҳбат намуданд. Гуфта шуд, ки се сол пеш маҳз дар ҳамин бозор сӯхтори калон ба амал омада, дар натиҷа чандин мағозаву ошхона ва дӯконҳо зарари ҷиддӣ ва даҳҳо соҳибкорон аз ин сӯхтор хисороти калони моддӣ диданд.

Муовини сардори шуъбаи Хадамоти оташнишонии вилоят Кишвар Аҳмадбекзода ба фаъолияти ҳамкорони худ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ баҳои хуб дода, аз онҳо даъват кард, ки пайваста барои такмил додани маҳорату истеъдод саъю талош намоянд. Ҳамчунин ба кормандони бозори «20-солагии Истиқлолият», табибони ёрии таъҷилӣ ва нозирони Бозрасии давлатии автомобилии вилоят барои ҳамкорӣ изҳори сипос кард.

Сентябрь 4, 2020 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд