Сохтакорон шиносномаи қалбакии муоинаи техникии нақлиётро бо арзиши 500 сомонӣ мефурӯхтаанд
ДУШАНБЕ, 08.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбачаи муоинаи техникии Шуъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилии вилояти Суғд маълумоти дорои моҳияти фавриро дар хусуси сохтакорӣ кардани шиносномаи муоинаи техникии нақлиёт аз ҷониби ду нафар сокини Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров- шаҳрвандон Маҳкамов Парвиз Аҳмадалиевич, соли таваллудаш 1996 ва Кенҷаев Дадочон Домуллоевич, соли таваллудаш 1988 ба кормандони фаврии ШКҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд вогузоштанд. Он дар натиҷаи коркардҳои фаврӣ тасдиқ ёфт ва предметҳое, ки ба воситаи онҳо ҳуҷҷат сохтакорӣ мешуд, мусодира гардид.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Гумонбарон бо истифода аз таҷҳизоти компютерӣ ҳуҷҷатҳои кафолатдиҳанда вобаста ба ҳолати техникии нақлиёт, аз ҷумла шиносномаи муоинаи техникиро сохтакорӣ карда, аз фурӯши он маблағи пулӣ ба даст меовардаанд.
Зимни бурдани чорабиниҳои фаврию тафтишотӣ муайян карда шуд, ки Парвиз Махкамови барномасоз омода сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакиро ба уҳда дошта, шарики ҷиноятии ӯ Дадоҷон Кенҷаев ронандагони аз ҳамин гуна хизматрасонии ғайриқонунӣ истифодабарандаро роҳнамоӣ карда, мизоҷ ҷамъ мекардааст.
Онҳо ҳар як шиносномаи қалбакиро бо арзиши 500 сомонӣ мефурӯхтаанд.
Бо ин кирдори содирнамуда гумонбаршудаҳо меъёрҳои дар моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо вайрон кардаанд. Барои содир намудани чунин амали ҷиноятӣ ба онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ таҳдид мекунад.








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд






