СУРАТ-ДАЛЕЛ. Имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Ӯзбекистон дар муқоваи рӯзномаи The New York Times

Сентябрь 4, 2020 16:18

ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаи амрикоии The New York Times дар муқовааш аз 3 сентябри соли равон аксеро аз ҷараёни имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Ӯзбекистон чоп  намудааст, иттилоъ медиҳад  хабарнигори  АМИТ «Ховар».

«Даҳҳо ҳазор ҷавонон рӯзи чоршанбе (3 сентябри соли 2020. Имтиҳонҳо 2 сентябр оғоз шуданд — тавзеҳи АМИТ «Ховар»), бо назардошти пандемияи коронавирус, ба хотири дар ҳамои кушод супоридани имтиҳонҳои дохилшавии донишгоҳо ба майдонҳои варзишӣ дар  саросари Ӯзбекистон раҳсипор шуданд.

Дар санҷишҳои дохилшавӣ, ки ду ҳафта идома хоҳанд кард, беш аз 1,4 млн. довталаб ширкат меварзанд. Онҳо барои тақрибан 150,000 ҷой дар донишгоҳҳо аз рӯи низоми мутамаркази қабул рақобат мекунанд», омадааст дар хабари New York Times.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»  муайян намуд, имтиҳонҳо дар ду баст гузаронида мешаванд: басти аввал аз соати 8:00 то 11:00, басти дуввум аз соати 17:00 то 20:00 идома меёбад. Қабули довталабон субҳ аз соати 6:30, нисфирӯзӣ аз соати 15:30 оғоз меёбад. Дар саросари кишвар 65 бахш (40 варзишгоҳ ва 25 майдони кушод) барои имтиҳонҳои дохилшавӣ омода карда шудаанд. Илова ба иншооти варзишии кушод ба ин рӯйхат боғҳо низ дохил мешаванд.

Сентябрь 4, 2020 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТГУЗОРИШ. Бунёдгузору бунёдсози «Роғун» — Кохи бузурги нури Тоҷикистон
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ! Дар истироҳатгоҳи «Гулхан» мактаббачагон ба бозиҳои шавқовари варзишӣ ҷалб шудаанд
СУРАТГУЗОРИШИ АМИТ «ХОВАР». Дар роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз гулгашти назди Сирки давлатӣ
НАМОИШИ АСАЛ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории он дар ноҳияи Ховалинг
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Боғи ба номи Мироненкои ноҳияи Синои пойтахт
НОЗИРОНИ НАВРАСИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни оғози озмун
СУРАТ-ДАЛЕЛ. Иштирокдорони Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай аз НБО-и «Роғун» дидан намуданд
ЗОДАГОНИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Қадамҳои устувори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ. Суратгузориши АМИТ «Ховар»
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими ифтитоҳи Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Душанбе
ФЕСТИВАЛИ ҲУНАРМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН. АМИТ «Ховар» аз рафти баргузории он дар Душанбе суратгузориш омода намуд