ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, шанбе 256-умин рӯзи соли 2020 аст
12 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду мамлакатро баррасӣ намуданд.
***
6 сол пеш, 12 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай як зумра санадҳои нав ба имзо расиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар маркази шаҳраки Зафаробод Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки ҳазорон нафар сокинону меҳмонони ноҳия дар вазъияти тантанавӣ аз болои муҷассамаи нахустин бунёдгузори давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардошта, Парчами миллиро боло бардоштанд.
12 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Эфиопия – Рӯзи миллии инқилоб.
РӮЙДОДҲО:
12 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон созишномаи байниҳукуматӣ доир ба кашидани лӯлаи интиқоли гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид.
***
6 сол пеш, 12 сентябри соли 2014 дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир, тартиби қабули аъзои нав ба созмон ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1959 аз космодроми Байконур дастгоҳи байнисайёравии худкори «Луна-2» ба кайҳон фиристода шуд.
***
52 сол муқаддам, 12 сентябри соли 1968 Албания расман аз Созмони аҳдномаи Варшава баромад.
***
12 сентябри соли 2014 Ҳиндустон ва Покистон барои узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкории Шанхай шудан аризаи расмӣ пешниҳод карданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе дуюмин Форуми байналмилалии самаранокии неруи барқ баргузор гардид.
***
Соли 1910 дар Лос-Анҷелес Алиса Уэлс дар ҷаҳон аввалин зан-афсари политсия интихоб гардид.