ВКД: Раҳматилло Зойировро саг ба дохили ҷӯйбори бетонӣ афтондааст ва ҷароҳаташ натиҷаи он аст

Сентябрь 29, 2020 16:36

ДУШАНБЕ, 29.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шоҳиди ҷойи ҳодисаи «ҳамла» ба раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров шаҳрванд Қобилҷон Давлатхоҷаев иброз доштааст, ки 22 сентябри соли 2020, бегоҳирӯзӣ, ҳамсояаш Р. Зойировро вохӯрд, ки номбурда бо сагаш сайругашт менамуд. Дар ин маврид саг Р. Зойировро ба як тараф кашид ва дар натиҷа номбурда ба дохили ҷӯйбори бетонӣ афтида,  ҷароҳат бардошт ва худаш аз ҷӯйбор бархест. Чунин маълумот дар хабари Вазорати корҳои дохилии мамлакат, ки дар сомонааш нашр шуд, омадааст.

Дар идомаи маводи ВКД чунин зикр мешавад:

24 сентябри соли 2020 раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон шаҳрванд Зойиров Раҳматилло Ҳомидович, 16.03.1958 соли таваллуд, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, бинои 45/1, ҳуҷраи 27, оиладор, соҳиби се фарзанд, маълумоташ олии ҳуқуқӣ, тавассути шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ва дигар сомонаҳои интернетӣ изҳор намуд, ки 22 сентябри соли 2020 бегоҳирӯзӣ, ҳангоми гусел намудани ду нафар одамон ва дар вақти ба хона баргаштанаш 2 нафар шахсони номаълум, ки онҳоро надидааст, бо предмети оҳанин ба сараш ва гарданаш зада, ӯро ба ҷӯйбори бетонӣ тела додаанд, ки дар натиҷа ҷароҳат бардошта, 5-10 дақиқа беҳуш шудааст ва баъди ба худ омадан аз ҷӯйбор бархеста, ба хонааш баргаштааст.

Санҷишҳо нишон доданд, ки Зойиров Р.Ҳ. дар бораи ин ҳодиса ба ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арз накардааст. Новобаста аз ин аз рӯи изҳороти ӯ дар «Фейсбук» ба санҷиши ҳодиса РВКД дар шаҳри Душанбе ва ШВКД-1 дар ноҳияи Сино шурӯъ карда, бидуни хоҳишаш вайро ба экспертизаи судӣ-тиббии ҷумҳуриявӣ даъват намуда, ташхиси тиббӣ гузарониданд.

Мувофиқи санади судӣ-тиббӣ таҳти №5905 аз 24 сентябри соли 2020, ҷароҳатҳои ҷисмонии дар намуди харошаҳо бардоштаи шаҳрванд Зойиров Р.Ҳ. ба зарар ба саломатӣ ҳамбастагӣ надошта, дар сари ӯ ягон осеби ҷароҳат ёфт нашуд.

Шоҳиди ҷойи ҳодиса шаҳрванд Давлатхоҷаев Қобилҷон Саидҷаъфарович, 1998 с.т., сокини ш.Душанбе, кӯчаи Маяковский, х.44, ҳ.1 чунин нишон дод, ки 22 сентябри соли 2020, бегоҳирӯзӣ ҳамсояаш Зойиров Р.Ҳ.-ро вохӯрд, ки номбурда бо сагаш сайру гашт менамуд. Дар ин маврид саг Зойиров Р.Ҳ.-ро ба як тараф кашид ва дар натиҷа номбурда ба дохили ҷӯйбори бетонӣ афтид.

Давлатхоҷаев Қ.С. изҳор намуд, ки Зойиров Р.Ҳ. пас аз афтидан ба ҷӯйбор ҷароҳат бардошт ва худаш аз ҷӯйбор бархест. Ӯро ҳеҷ кас лату кӯб накардааст, зеро дар атрофи ҷойи ҳодиса ба ғайр аз онҳо ягон шахси дигар ҳузур надоштааст.

Шаҳрванд Ҳусейнов Фахриддин Раҳмиддинович, 1963 с.т., сокини ш.Душанбе, кӯчаи Маяковский, х.48. ҳ.25 дар баёноти худ чунин нишон дод, ки 23 сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 07:00, бо шаҳрванд Зойиров Р.Ҳ. вомехӯрад. Зимни суҳбат Зоийров Р.Ҳ. оид ба харошҳои рӯяш ба ӯ гуфтааст, ки дар назди бинои истиқоматиаш афтида буд.

Ҳамчунин ҳамсари Зойиров Р.Ҳ. шаҳрванд Каримова Мавзуна Тимуровна, 1959 с.т., сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, х.45/1, ҳ.27, чунин нишон дод, ки 22 сентябри соли 2020 шавҳараш бегоҳирӯзӣ ба хона омад ва либосҳои ӯ дар лой олуда буд. Вақте ки аз ӯ пурсон мешавад, ки чаро либосҳояш тару лойолуд аст, ӯ ҷавоб медиҳад, ки ба ҷӯйбор афтидааст. Дар бораи лату кӯб Зойиров Р.Ҳ. ба ӯ чизе нагуфтааст.

Яъне дар вақти санҷиши ҳаматарафа ваҷҳҳои овардаи шаҳрванд Зойиров Р.Ҳ. тасдиқи худро наёфтанд, зеро бегоҳирӯзӣ ҳанӯз торикӣ фаро нарасида, атрофи ҷойи ҳодиса равшан буд. Дар сурати аз ҷониби ду нафар   лату кӯб шудани Зойиров Р.Ҳ. ин ҳодисаро одамони зиёд, ки одатан дар ин мавзеъ сайру гашт менамоянд, мушоҳида мекарданд.

Айни замон аз ҷониби ШТ ШВКД-1 дар ноҳияи Сино оид ба ҳодисаи мазкур санҷиши пешакӣ идома дорад.

ДАР АКС: Раҳматилло Зойиров бо сагаш. Акс аз манбаъҳои боз

Сентябрь 29, 2020 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?