Зулфия Давлатзода дар ҷаласаи 17-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай сухан гуфт

Сентябрь 11, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар ҷаласаи 17-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки ба таври онлайн баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа намояндаи котиботи СҲШ, вазирони фарҳанг аз Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон ва Чин иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг, баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳа баррасӣ гардиданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз дошт, ки «ҳамкории фарҳангӣ байни кишварҳои узви СҲШ ба анъанаи нек табдил ёфтааст ва ба ташаккули фазои умумии фарҳангӣ дар минтақа мусоидат менамояд. Зеро фарҳанг барои таҳкими дӯстии байни давлатҳо нақши мусоид дорад».

— Ба шарофати таваҷҷуҳи доимӣ ва амиқи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди фарҳанг дар давлати мо ҳамасола барномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг бомуваффақият амалӣ мегарданд, — зикр намуд мавсуф.

Зимни ҷаласаи 17-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай Вазири фарҳанги Тоҷикистон оид ба корҳои иҷрошуда ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкории фарҳангӣ бо ҳар як кишвари узви СҲШ маълумот дод.

Сентябрь 11, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид