15-17 октябр дар Суғд таҳти унвони «Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти Шарқ» симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 13.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти Шарқ» — таҳти чунин унвон 15-17 октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад. Ҳамоиши илмӣ ба 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ бахшида мешавад.
Ба иттилои раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки аз ташкилкунандагони асосии симпозиум ба ҳисоб меравад, тибқи барномаи симпозиуми байналмилалӣ, 15 октябр маросими гулгузорӣ дар пояи ҳайкали Камоли Хуҷандӣ баргузор гардида, гурӯҳи меҳмонон турбати Камолро зиёрат ва аз хона-музейи шоир боздид менамоянд. Инчунин дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ намоиш пешкаши иштирокдорони симпозиум гардонида мешавад.
16 октябр дар Кохи Рӯдакӣ симпозиуми байналмилалӣ ба кор оғоз мекунад. Дар баробари сухани табрикии иштирокдорони симпозиум, инчунин суханони табрикии видеоии донишмандони камолшинос аз давлатҳои Афғонистон, Ӯзбекистон, Франсия, Германия, Покистон, Ҳиндустон ва Туркия манзури иштирокдорон гардонида мешавад.
Симпозиуми байналмилалии «Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёт ва фарҳанги Шарқ» дар бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ду бахш идома меёбад.
Бахши аввал ба муҳити илмӣ ва адабии замони Камоли Хуҷандӣ дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ДДХ ва бахши дуюм доир ба нақши Камоли Хуҷандӣ дар рушди адабиёти тоҷик дар толори маҷлисгоҳи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ гузаронида мешавад.
Дар ҳамоиши илмии байналмилалӣ донишмандон дар мавзӯъҳои «Истиқлолият ва заминаҳои тасҳеҳи бунёдии ашъори Камоли Хуҷандӣ», «Мактаби адабии Камоли Хуҷандӣ», «Маҳорати Камоли Хуҷандӣ дар баёни матлаб», «Камоли Хуҷандӣ ва адабиёти ӯзбек», «Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар барнома ва китобҳои дарсӣ», «Мақоми шоирии Камоли Хуҷандӣ дар пажӯҳиши А.Афсаҳзод», «Мулоҳизаҳои устод Айнӣ дар бораи Камоли Хуҷандӣ», «Нуфузи шеъри Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти тотор», «Андешаи миллӣ ва афкори ватандӯстӣ дар ашъори Камоли Хуҷандӣ» ва ғайра маърӯза мекунанд.
Дар доираи симпозиум барномаи фарҳангӣ ва фестивали шеъру сурудҳо аз ашъори Камоли Хуҷандӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон дар назди Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ шоу — барномаи ҳунармандони ҷавони вилоят доир карда мешавад.








«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид






