Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хати нави технологӣ оид ба истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар ҶДММ «Маҳмудов Ғ»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд

Октябрь 15, 2020 12:33

ДУШАНБЕ, 15.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд хати нави технологии истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмудов Ғ»-ро ба истифода доданд.

Коргоҳи истеҳсолӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, бо номи “Азизи ман” 10 номгуи кулчақанди дорои сифати баландро истеҳсол менамояд.

Хати муосири технологӣ аз Федератсияи Россия ворид шуда, васлу насб гардиааст, ки бо фаъол шудани он 20 нафар занону бонувони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.

Арзиши хатти истеҳсолӣ 1 миллиону 150 ҳазор сомонӣ буда, иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз 2 тонна кулчақанд мебошад. Асосан барои омода кардани кулчақанд орд, равған ва шакар истифода мегардад, ки дар бозори истеъмоли ин навъи маҳсулот талабгорони зиёд дорад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмудов Ғ” 60 нафар коргар фаъолият дошта, беш аз 50 намуд маҳсулоти ивазкунандаи воридот, аз ҷумла кулчақанди “Президент”, ҳасибҳои дуд ва буғкардашуда, ҳасибчаҳо, майонез ва дигар намуди маҳсулоти истеъмолӣ истеҳсол шуда, ба бозорҳо бароварда мешавад.

Тамоми номгӯи маҳсулоти ғизоӣ дар  озмоишгоҳҳо аз ташхис гузашта, дорои сертификати мутобиқат мебошад.

Ҷамъияти мазкур соли 2004 таъсис ёфта, дар масоҳати 1,5 гектар ҷойгир аст.

Корхонаи истеҳсолӣ тӯли фаъолияти босамари худ, маҳсулоти зиёд истеҳсол намуда, дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат саҳми назаррас дорад.

Масъулони ширкат азм доранд, ки бо тавлиди маҳсулоти босифат онро ба хориҷ содирот намоянд.

Пас аз ифтитоҳи хати муосири технологӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмудов Ғ”, ки дар саҳни корхона ташкил карда шуд, дидан карданд.

Дар намоиш  номгӯи зиёди маҳсулоти корхона муаррифӣ карда шуд. Зимни шиносоӣ Сарвари давлат ба сифати маводи ғизоӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, масъулонро барои тавлиди босифати маҳсулоти мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳидоят карданд.

Масъулони ширкат нақша доранд, ки фаъолияти корхонаро васеъ ва ҷоннок намуда, бо истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар рушди бештари саноати хуроквории мамлакат ҳиссагузор бошанд.

Ифтитоҳи хати нави технологӣ оид ба истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар ҶДММ “Маҳмудов Ғ” дар шаҳри Хуҷанд 15.10.2020

Октябрь 15, 2020 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд