Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли шоколадро дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

Октябрь 15, 2020 12:35

ДУШАНБЕ, 15.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти  корхонаи нави  истеҳсоли шоколади “Ҳаловат”, ки дар минтақаи саноатии шаҳр бунёд гардидааст, оғоз бахшиданд.

Маҳсулоти шоколадӣ дар корхона бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ тавлид гардида, дорои сифати баланд мебошад.

Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, иктидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 400 киллограмм маҳсулоти ғизоӣ мебошад.

Дар корхонаи нави саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Юсуфҷон Абдураҳимов таъсис ёфтааст, 40 нафар ба кор ҷалб гардидаанд. Аксари онҳоро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки таркиби маҳсулоти шоколадӣ аз мағзи чормағзи заминӣ, асали тозаи табиӣ, орду равған, ширу қаймоқ ва дигар маводи хӯроквории иловагӣ иборат аст.

Масъулони корхона барои истеҳсоли шоколад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад, аз хоҷагиҳои ноҳияи Мастчоҳ чормағзи заминиро харидорӣ намуда, мағзи онро дар истеҳсоли беш аз 10 номгӯи шоколад васеъ истифода менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки шоколадҳои истеҳсолнамудаи ин коргоҳ бо омехтаи мағзу асал ва меваи табиӣ сифати баланд дошта, дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир асту талабгори зиёд дорад.

Масоҳати умумии корхона наздики як гектар буда, бинои истеҳсолӣ дар масоҳати 1000 метри мураббаъ ҷойгир аст.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва истеҳсоли маҳсулоти шоколадӣ Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти тавлиднамудаи ин корхонаи хурди саноатӣ дидан карданд.

Беш аз 13 номгӯи маҳсулоти шоколадӣ, ки бо шаклу андозаҳои гуногун истеҳсол гардидааст, ба намоиш гузошта шуд.

Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва имтиёзҳои муқарраргардида ба соҳибкорони ватанӣ чунин корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар мамлакат, хусусан дар вилояти Суғд бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар баробари истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сокинони зиёд ба шуғли доимӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳамаи ин тадбирҳои муҳим ба хотири баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст.

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли шоколад дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд 15.10.2020

Октябрь 15, 2020 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»