Аҳмадшоҳ Улфатшоев дар синни 75 аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 10.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Аҳмадшо Улфатшоев дар синни 75 аз олам даргузашт.
Аҳмадшоҳ Улфатшоев 30 сентябри соли 1945 дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дар соли 1954 ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар соли 1980 мебошад.
Аҳмадшоҳ Улфатшоев баъди хатми Омӯзишгоҳ дар сафи Артиши Шӯравӣ адои хидмат намудааст. Сипас солҳои 1964—1967 ба сифати роҳбари мусиқии дастаи ҳаваскорони ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) фаъолият намудааст. Соли 1975 ба Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ ба кор омада, то дами вопасин он ҷо фаъолият дошт.
Мавсуф ҳунарпешаи театр ва кино буда, соли 1994 унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2001 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро соҳиб гардид.
Аҳмадшоҳ Улфатшоев дар саҳна бо маҳорати хоссаи ҳунарпешагӣ нақшҳои Дохунда («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода), Рустам («Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло), Баҳроми Чӯбина («Баҳроми Чӯбина»-и Т. Аҳмадхонов), Сомонхудот («Сомонхудот»-и С. Айюбӣ), шоҳ Парвиз («Борбад»-и Ҷ. Қуддус), амир Абдулаҳад («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода), шоҳ Егей («Медея»-и Софокл) ва ғайраро офаридааст.
Аҳмадшоҳ Улфатшоев дар рушди санъати тоҷик саҳми баарзиш гузоштааст.








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






