ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Парки миллии мамлакат, воқеъ дар ноҳияи Сангвор 102 иншоот бунёд мешаванд

Октябрь 7, 2020 10:29

САНГВОР, 07.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Парки миллии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Сангвори водии Рашт то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода додани 102 иншооти хурду миёна, аз ҷумла меҳмонхонаҳои замонавӣ, осоишгоҳи табобатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, биноҳои маъмурӣ ва дигар инфрасохтори  сайёҳӣ ба нақша гирифта шуда, то  ба ҳол зиёда аз 53 иншоот  мавриди  истифода қарор гирифтаанд.

Парки миллии Тоҷикистон дар Сангвор 306,6 ҳазор гектарро фаро гирифта, дар он барои сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити хуб муҳайёст. Вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои созандагӣ ва ободкорӣ дар инҷо хуб ба роҳ монда шудаанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнати самимонаи сокинон   шаҳру деҳоти мамлакат ба гулистони ҳақиқӣ табдил ёфта истодаанд.

Дар ноҳияи Сангвор низ ин равандро хуб дарк кардаанд ва мароми мардум танҳо бунёдкориву созандагист. Масъулини ноҳия бо боварии  комил мегӯянд, ки ояндаи наздик Сангвор ба қатори ноҳияҳои пешрафтаи мамлакат ворид хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Сангвор яке аз минтақаҳои зеботарини мамлакат буда, диққати ҳар бинандаро бо манзараҳои ҷолиб ва ёдгориҳои таърихӣ ба худ ҷалб менамояд. Иқлим, табиат, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффофи диёр барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ мебошанд. Рушди сайёҳӣ метавонад ба пешрафти иқтисодиёти ноҳия ва таъмини шумораи зиёди сокинони он бо ҷои кор мусоидат кунад.

Октябрь 7, 2020 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид