ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Суғд қариб 10 ҳазор иншоот бунёд ва таҷдид мешаванд

Октябрь 22, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 22.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ба истиқболи ҷашни  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёд ва таҷдиди қариб 10 ҳазор иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Соли равон бунёди 1895 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 1376 иншоот ба истифода дода шудаанд, ки 72,6 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, то ин давра қариб 5394 иншооти гуногун  мавриди истифода  қарор  гирифта, нақшаи умумӣ 75,0 фоиз иҷро шудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2020 дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ, новобаста аз мушкилоти ҷойдошта фаъолияти мунтазам ба роҳ монда шуда, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар ин давра дар ҳаҷми 930,8 млн. сомонӣ аз худ шуд ва ба маблағи 329,6 млн. сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шуданд. Ҳамагӣ ба маблағи 673,8 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 1,7 баробар таъмин карда шуд.

Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 317,6 ҳазор  метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба масоҳати 9,2 ҳазор метри мураббаъ кам мебошад. Ҳамзамон 620 ҷойи нишаст барои  талабагон  дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, 150 ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва 180 кат дар шифохонаҳо бо иқтидори иловагӣ ба истифода дода шуданд.

Октябрь 22, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд