ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони шаҳри Левакант 11 километр роҳро навсозӣ ва мумфарш намуданд

Октябрь 9, 2020 09:18

ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар деҳаи Зағертути Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант  аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 11 километр роҳи мошингузар бо харҷи  3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ бунёду навсозӣ гардид. Ҳамчунин ба ин муносибат як гурӯҳ сокинони деҳаи Хуррамдеҳи шаҳри мазкур низ  бо ҷалби маблағҳои худӣ ва саҳми соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки роҳи дохилидеҳавиро ба масофаи 4 км мумфарш намоянд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  аз  шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, сохтмони роҳ 1 июли соли равон оғоз гардида, моҳи октябр анҷом ёфт. Ба бунёди роҳ 7 адад техникаи Муассисаи давлатии роҳҳои мошингарди шаҳри Левакант сафарбар гардида, 5 қубур ва 1 пул навсозӣ гардид. Ҳамзамон ба дарозии тамоми масофаи 11 км роҳи мумфаршгардида хатҳои уфуқӣ кашида шуданд.

Дар ифтитоҳи роҳи навбунёд раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Левакант ва сокинон иштирок намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкорони ватанӣ оилаи Соҳибовҳо ва алалхусус Шарифзода Маҳмадзариф барои ташаббуси ватандӯстона ва анҷоми кори хайр аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон изҳори сипос намуд.

Имрӯзҳо бо ҳиммати соҳибкорони бонангу номус ва фарзандони ватандӯсти деҳоту ноҳия бунёду мумфаршкунии садҳо км роҳҳо идома дорад. Ҳамаи ин бунёдкорию созандагӣ ба хотири ба шаҳр наздик сохтани симои деҳот ва таъмини инфрасохтори зарурӣ дар он мебошад.

Октябрь 9, 2020 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд