Абдуҷаббор Азизӣ дар бахши пленарии Форуми байналмилалии байниҳизбии кишварҳои аъзои СҲШ онлайн иштирок намуд

Октябрь 22, 2020 16:47

ДУШАНБЕ, 22.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  22 октябр муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ дар доираи баргузории видеоконференсияи Форуми байналмилалии байниҳизбии кишварҳои  аъзои «Созмони Ҳамкории Шанхай» дар мавзӯи «Иқтисод барои одамон»  иштирок намуд.

Дар оғози гузориш ба иштирокчиёни Форум аз номи Раиси муаззами ҲХДТ салому паёми самимӣ иброз намуд.

Зикр гардид, ки гузаронидани ҳамоиш имкони хубест барои мубодила ва ибрози андеша вобаста ба масъалаҳои муҳим барои ташкили ҳамкорӣ миёни ҳизбҳои давлатҳои «оилаи СҲШ» ва дигар кишварҳою ташкилоти манфиатдор.

Аз  ҷониби муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ таъкид гардид, ки иқдоми баргузории ҳамоиши имрӯза нақши бузурги Федератсияи Россияро ҳамчун раисикунандаи СҲШ муқаррар мекунад. Ҳадафи асосӣ мустаҳкам ва густариш додани муносибатҳои дӯстонаю пурманфиат  дар доираи амалисозии талаботи созмон  мебошад.

Зимни мулоқоти онлайнӣ ҳамчунин якчанд масъалаҳои муҳими иқтисодӣ вобаста ба пешгирии бемории сироятии каронавирус, ташкили ҳамкории судмандии иқтисодию савдоӣ, энергетикӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории сохтмони пулҳо, роҳҳои автомобилӣ, оҳан ва гузаргоҳҳои нақлиётӣ, ки метавонанд такони нави рушди ҳамаҷонибаи устувори иқтисодиро барои одамон таъмин намоянд, баррасӣ гардиданд.

Октябрь 22, 2020 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар