БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН! Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ҷарроҳии вобаста ба нуқси модарзодии сурхрӯдаи басташуда анҷом дода шуд

Октябрь 29, 2020 16:25

ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар таърихи тибби муосири тоҷик аз ҷониби ҷарроҳони Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ҷарроҳии вобаста ба нуқси модарзодии сурхрӯдаи басташуда  анҷом дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қаблан кӯдакони бо чунин нуқси модарзодӣ таваллудшуда имкони ками  зинда мондан доштанд, зеро анҷом додани чунин амалиёт  бениҳоят нозуку мураккаб мебошад.  Инак, аввалин маротиба ба ду кӯдак чунин амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд ва хушбахтона, онҳо зинда монданд.

Ин амалиёти бомуваффақиятро табибони тоҷик ҳамчун дастоварди назарраси соҳаи тандурустии мамлакат дар даврони Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ менамоянд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати анҷом додани чунин ҷарроҳӣ табибони Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия донишашонро бар пояи технологияи муосири тиббӣ такмил доданд.

Акнун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ дар қатори давлатҳои рушдкардаи олам, ба монанди Россия, Чин,  Германия   ҷарроҳии сурхрӯдаи модарзодии кӯдакон гузаронида хоҳад шуд.

Октябрь 29, 2020 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад