«Асолати давлатдорӣ», «Интихобот ҳокимияти халқро дар идоракунии давлат таъмин месозад»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Октябрь 8, 2020 09:32

ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Шукргузорӣ аз неъмати Истиқлоли давлатӣ ва озодиҳо арзиши ғоявӣ ва сифр назарӣ нест. Шукргузорӣ аз неъмати истиқлолият силсилаи донишҳои назарӣ, таърихӣ ва амалиест, ки дар заминаи дарки неъмати истиқлол, шинохт ва ҳазми он арзи вуҷуд карда, тафаккур ва эҳсоси ҳар фарзанди миллатро дар ҳимоя, рушд ва муаррифии он ҳамчун қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва имонӣ ташаккул медиҳад». Бо чунин суханони вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шумораи навбатии нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (нашри 7 октябр, №197, 24 052) оғоз шудааст.

Рӯзномаи «Ҷумҳурият»  ҳафтаи равон рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро  дар саҳифаҳои  худ бозтоб намудааст.

Дар ҳамин  шумораи рӯзнома зери унвони «Шаҳри сабз»- и мо Душанбе» дар ҳошияи даъвати Рустами Эмомалӣ, Раиси шаҳри Душанбе дар бораи ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти мамлакат  чунин омадааст: «Душанбе ба маъракаи муҳимтарини сол – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегирад. Рустами Эмомалӣ, Раиси шаҳри Душанбе дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, бори дигар таъкид намуданд, ки мо дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар сокини шаҳр ҳисси баланди масъулиятшиносию ифтихори миллиро талаб менамояд».

Муаллифи ин мақола С. Раҷабзода дар ҳошияи маводи таҳлилии худ нигоштааст: «Сабз кардани дарахт  аз қадимулайём суннати неки мо, тоҷикон маҳсуб  ёфта, дар мероси хаттии гузаштагонамон  беҳисоб ва батакрор таъкид шудааст. Мардуми мо  сабз кардани дарахтро яке аз корҳои хайру савоби равони инсонӣ медонанд ва ин анъанаи некро тӯли таърих то имрӯз идома додаанд. Амалисозии ин иқдоми наҷиб дар тарбияи меҳнатӣ, зебоипарастӣ ва баланд шудани маърифати экологии  аҳли  ҷомеа,  хусусан наврасону ҷавонон нақши муҳим дошта, Душанберо ба як боғистони дилоро, шаҳри боз ҳам дилкашу зеботар  табдил  медиҳад.  Аз  ин рӯ, месазад  аҳамияти  ин иқдоми нек – сарсабз гардондани шаҳрро ба назар гирифта, тарғиби мунтазами онро тавассути матбуоти даврӣ, радиову телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ намоем ва ин ташаббуси неки ободгароиро ба ҷунбиши умумимиллӣ табдил диҳем».

Инчунин дар ин шумораи рӯзнома бо номҳои  «Ҷумҳурият» -тадбиқи таҷрибаи нав», «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории миллӣ», «Асолати давлатдорӣ», «Сайёҳӣ. Пеш аз ҳама мардум фоида ба даст меорад»,  «Интихобот ҳокимияти халқро дар идоракунии давлат таъмин месозад» ва дигар матолиби таҳлилӣ нашр шудаанд.

Дар саҳифаи аввали «Ҷумҳурият» аз 6 октябр, (№196. 24 051)  хабарҳо доир ба суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президентони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қазоқистон нашр шудаанд.  Инчунин  таҳти унвони «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва таҳаввулоти маданӣ дар Тоҷикистон» андешаҳои академик Абдуҷаббор Раҳмонзода мунташир шудаанд, ки дар он омадааст: «Мафҳуми «таҳаввулоти маданӣ» дар таърихи миллатҳо раванде фаҳмида мешавад, ки дар тӯли он шароити иҷтимоӣ ва меъёрҳои муносибати маърифативу фарҳангӣ ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта, дар ҷомеа шеваҳои муосири зиндагӣ, арзишҳои неку созанда ва тафаккури пешқадам ташаккул меёбад. Истилоҳи мазкур гузариши амиқи иҷтимоиву маданӣ ва баромадан ба зинаи нави беҳзистӣ ва дурустандеширо ифода карда, тамоми ҷанбаҳои ҳаёт — аз зиндагии моддӣ то арзишҳои маънавиро фарогир мешавад».

Инчунин нашрияи «Ҷумҳурият» таҳти унвони  «Интихобот дар фазои озоду демократӣ баргузор мешавад» маводи рӯзноманигор  Санавбар Раҷабоваро нашр намудааст. Ҳамзамон хонандагони «Ҷумҳурият» имкон доранд аз ин шумора мақолаҳои «Вақте кишоварзӣ рушд мекунад», «Агар ба таърихи забон назар афканем», «Барӯйхатгирии аҳолӣ маъракаи дорои аҳамияти бузурги иҷтимоию иқтисодӣ» ва дигар хабару гузоришҳоро оид ба рӯйдодҳои  мамлакат ва хориҷи он мутолиа намоянд.

Дар шумораи навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 5 октябр, (№194 24 050) зери сарлавҳаи «Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат» маводи таҳлилие нашр шудааст, ки ба қалами узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ С. Ятимов мансуб аст.

«Забон аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз муҳимтарин далели рӯҳи инсонӣ, воситаи асосии муоширати байни одамон, табодули захираҳои маънавӣ ва омили аслии пешрафти тамаддунҳо мебошад. Ва то вақте ки ҷомеаи инсонӣ ҳаст, бо чунин сифатҳо боқӣ хоҳад монд».

С Ятимов дар маводи таҳлилии худ вобаста ба таълимоти Пешвои миллат ва масъалаҳои забоншиносӣ  чунин нигоштааст: «Агар Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илм, маърифат, маданият, фарҳангу адаби миллати тоҷик маъруф гашта бошад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин абармардони таърих аст, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мураккаб ва фоҷиабори ҷанги таҳмилии дохилӣ, парокандагии миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузошт, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ − таърих, забони модарӣ, маданият, фарҳанг, фидокориҳои бемисл нишон дод. Бо ибораи дигар, баробар бо наҷоти миллат нақши  наҷотбахши забони ӯро низ ба ҷо овард».

Рӯзнома дар чор шумораи ҳафтаи гузаштаи худ чандин хабару гузориш ва маводи таҳлилиро оид ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии фарҳангии Тоҷикистон нашр намуда, ҳамзамон дар рубрикаи «Ҷаҳон дар як сатр» хонандагони худро бо рӯйдоду воқеаҳои мухталифи олам ошно намудааст.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» дар шумораи 125,  панҷшанбе, 8 октябри соли равон  дар баробари хабару гузоришҳо, инчунин маводи таҳлилиро вобаста ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихобот нашр намудааст. Хонандагон  имкон доранд аз ин шумораи рӯзномаи парлумонӣ ҳамзамон  мақолаҳои  «Сабақ бардоштан аз таҷрибаи таърихӣ омили муҳими худшиносист», «Омодагии ҳавзаҳо дар сатҳи зарурӣ аст», «Интихобот воситаи тадбиқи ҳокимияти халқ», «Интихобот дар шароити рушди ҷомеаи иттилоотӣ» ва дигар хабару гузоришҳоро мутолиа намоянд.

«Народная газета»- нашрияи расмии русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи навбатии худ маводи фаъолияти  кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияҳои Рўдакӣ, Шаҳринав ва анҷоми сафари кориаш ба вилояти Хатлон, Паёми табрикотии Пешвои миллат бахшида ба Рўзӣ забони давлатии Тоҷикистон, мавод оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои сиёсию иҷтимоии ҷумҳуриро нашр намудааст.

Нашрия ҳамзамон хабари гуфтугӯи телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро  бо Президенти Федератсияи Россия, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва   Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба нашр расонидааст.

Дар саҳифаи нашрия мавод бо номи «Таджикский язык является олицетворением духовных ценностей нашего народа» ба нашр расидааст. Дар ин мавод Паёми табрикотии Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон чоп  шудааст.  Инчунин маводи «Лидер нации Эмомали Рахмон и культурная эволюция в Таджикистане» ба натиҷаҳои фаъолияти кории беназири  Пешвои миллат дар соҳаи фарҳанг бахшида шудааст.

 «Минбари халқ»- нашрияи марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  дар шумораи  41, чоршанбе, аз 7 октябри соли равон  хабару гузоришҳо ва Паёми шодбошии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, инчунин сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва анҷоми сафари кориаш ба вилояти Хатлонро интишор намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумораи «Минбари халқ» мақолаҳо таҳти унвони «Саодатофар», «Эмомалӣ Раҳмон- шахсияти таърихӣ»,  «Ҳизбе, ки ғояи аслиаш ваҳдату ягонагист»,   «Президенти ман- интихоби ман» чоп гардиданд.

Хабарнигорони ин ҳафтанома таҳти  таҳти унвони «Ба номзади мардумӣ овоз медиҳам» назарпурсӣ анҷом додаанд, ки дар он андешаҳои шахсони касбу кори гуногун доир ба интихоботи дар пеш истода нашр шудааст.

 «Мароми пойтахт»- нашрияи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар шумораи 36, чоршанбе,  аз 07 октябри соли равон  дар радифи  нашри  хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҲХДТ дар пойтахт  Паёми шодбошии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ интишор намудааст.

Хонандагони «Мароми пойтахт» ҳамзамон аз саҳифаҳои  рӯзномаи ҳизбии шаҳрӣ имкон доранд мақолаҳоро таҳти унвони «Бунёдгузори даврони навин», «Иштирок дар интихобот-рисолати муҳим», «Президенти ман- интихобу ифтихори ман», «Кафили сулҳу ваҳдати миллӣ» ва дигар хабару гузоришҳоро мутолиа намоянд.

 Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 8, 2020 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом дод
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Картошкаи водии Рашт бо лаззату хуштаъм буда, ҳамто надорад