Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ворид карда мешавад
ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иброз гардид, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Санади мазкур ҷиҳати амалӣ сохтани нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2022, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 тасдиқ гардидааст, бо мақсади таъмини саривақтии баррасии парвандаҳои иқтисодӣ таҳия шудааст.
Тибқи лоиҳа ба қисми 7-и моддаи 157 (Мавқуф гузоштани муҳокимаи судӣ) ҷумлаи дуюм илова карда мешавад: «Баъди ба муҳокимаи судӣ таъйин кардани парванда муҳокимаи судӣ наметавонад аз се маротиба зиёд мавқуф гузошта шавад».
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин Қарор «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аъзои Шӯро аз рӯи масъалаҳои муҳокима шуда, қарори дахлдор қабул намуданд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






