Ба кормандони беморхонаи шаҳри Хоруғ кумаки моддӣ расонида шуд
ХОРУҒ, 30.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи вилоятии Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 70 нафар табибон, ҳамшираҳои шафқат, ронандагони мошинҳои ёрии таъҷилӣ, ки мубтало ба бемориҳои илтиҳоби шуш ва КОВИД — 19 шудаанд, кумаки яквақтаи моддӣ расонд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, раиси ин кумита Гулнигор Зоҳирбекова гуфт, ки “баъди бистарӣ шудани беморон бо аломатҳои бемории КОВИД-19 аксари табибону ҳамшираҳои шафқат ҳафтаҳо ба хона намерафтанд ва шабу рӯз дар паҳлуи беморон буданд. Онҳое, ки ин бемориро пушти сар гузоштанд, медонанд, ки табобаташ бо чӣ мушкил паси сар мешавад. Табибон медонистанд, ки ҳарчанд ҳамаи чораҳои беҳдоштиро ҳам риоя намоӣ, аз муомилаву муоширати зиёд бо беморон имкони сироят ёфтанашон бештар мешавад. Аммо табибону ҳамшираҳои шавқат ва дигар кормандони соҳа сарфи назар ин хатарҳо садҳо нафарро табобат ва ба хонаҳояшон гусел намуданд. Ҳарчанд чандин нафар аз ҳамкасбону ҳамкорони мо низ бо аломатҳои бемориҳои илтиҳоби шуш ва КОВИД-19 бистарӣ шуданд, аммо хушбахтона, ҳамаи онҳо аз ин беморӣ ҷон ба саломат бурданд. Пас аз сиҳат шудан аксари онҳо бо кумаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба шифохонаҳои Гармчашмаву Авҷ барои дамгирӣ ва муолиҷаи иловагӣ фиристода шуданд”.
Раиси Кумитаи вилоятии Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ гуфт, ки дар фасли зимистон дастрасӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ, ба монанди сабзавоту меваҷот коҳиш меёбад ва аз ин рӯ онҳо рӯзҳои наздик барои захира кардани чунин маҳсулот ба табибон кумак хоҳанд кард.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






