«БАЧАИ ОБӢ». Ба муносибати 90-умин солгарди «Тоҷикфилм» 16 октябр нахустнамоиши ин филми ҳунарӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 15.10.2020 / АМИТ «Ховар» /. Нахустнамоиши филми бадеии «Бачаи обӣ» 16 октябр ба ифтихори 90-солагии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» манзури тамошобинон мешавад,- гуфт ба мухбири АМИТ «Ховар» коргардони филм Файзулло Файзов.
Нахустнамоиши филми коргардон Файзулло Файзов дар кинотеатри Кохи Наврӯз баргузор мешавад.
Муаллифи ғояи филм Бахтиёр Худойназаров, сенариянависон Носир Раҳмон ва Файзулло Файзов мебошанд. Нақшҳои асосиро дар филм Убайдуллоҳи Омон, Меҳроҷиддин Сафар, Аҳмад Қутбиддин, Соро Собир иҷро кардаанд.
Филм дар бораи тағйирёбии иқлим, хушкшавии баҳру дарёҳо, муносибати одамон бо табиат дар мисоли писарбачае, ки дар деҳаи Моҳигирон зиндагӣ мекунад ва вақти зиёдашро дар назди баҳре мегузаронад, ки оқибат камоб шуда, моҳиёни он кам мешаванд, қисса мекунад.
Филм барои доираи васеи тамошобинон таҳия шуда, барои одамони ҳама синну сол ҷолиб ва муфид хоҳад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






