Бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ китоби «Ҳабдаҳ чаман» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 10.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ китоби наве бо номи «Ҳабдаҳ чаман» аз тариқи нашриёти «Хуросон» дар вилояти Суғд ба нашр расид. Дар китоби мазкур тарҷумаи 17 ғазали Камоли Хуҷандӣ ва 17 гуфтор дар бораи ӯ бо 8 забон ҷой дода шудаанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, китоби «Ҳабдаҳ чаман» бо ташаббуси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кормандони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ва дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз чоп баромада, мураттибони китоб Баҳром Раҳматов ва Фирӯза Қодирова мебошанд.
Тарҷума ва муаррифии эҷодиёти Хоҷа Камол ба забонҳои маъмули дунё шаҳодати мавқеи беназири ӯ ва рангорангии осораш мебошад. Тарҷумаи ғазалиёт ба забонҳои англисӣ, немисӣ, арабӣ ва чинӣ бори аввал бо дархосту супориши МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» сурат гирифтааст.








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд






