Бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ се китоби нав дастраси хонандагон гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар нашриёти “Ношир”-и ДДХ се китоби нав ба нашр расонид.
Китоби аввал “Ёдкарди Камоли Хуҷандӣ” унвон дошта, аз маҷмӯи мақолоти олимони ватаниву хориҷӣ дар бораи рӯзгор ва осори Шайх Камоли Хуҷандӣ иборат мебошад. Дар китоб мақолаҳо ва тадқиқоти пурқимати донишмандони фақид, чун устод Садриддин Айнӣ, Азизи Давлатободӣ, Саъдулло Асадуллоев ва дигар муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ гирд оварда шудаанд. Китоб аз 640 саҳифа иборат буда, зери назари доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва дар таҳияи адабиётшинос Саидумрон Саидов нашр шудааст.
Китоби дувум бо номи «Камол Худжанди в России: Исследования и переводы» низ бо ташббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, зери назари ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода нашр шуд, ки дар таҳияи он профессор Матлубаи Мирзоюнус ва адабиётшинос Субҳон Аъзамзод заҳмат кашидаанд. Китоб аз ду бахши бузург иборат аст. Дар бахши аввал маҳсули пажӯҳишҳои ховаршиносони маъруфи рус роҷеъ ба Камоли Хуҷандӣ — Е. Э. Бертелс, И. С. Брагинский ва дигарон фароҳам омадаанд, ки аз арзишмандтарин асарҳо дар ин заминаанд.
Дар бахши дувум тарҷумаҳои ғазалиёти шоири бузурги тоҷик аз ҷониби тарҷумонҳои хушсалиқа А. Адалис, В. Звягинтсева, В. Потапова, И. Селвинский, Я. Козловский ва М. Синелников ба забони русӣ ва асли тоҷикиашон ҷой дода шудаанд.
Китоби сеюм “Тӯҳфаи ҷон” ном дошта, зери назари Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона ба табъ расидааст. Дар китоб 40 ғазали шоир аз ҷониби муҳаққиқон Бадриддин Мақсудов, Равшани Ҳамроҳ, Саидумрон Саидов, Тоҷибой Султон ва Баҳром Раҳматзод шарҳ шудааст. Китоби мазкур низ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар нашриёти “Ношир” чоп шудааст.










Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад






