«Чилдухтарон» рамзи сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб

Октябрь 24, 2020 11:47

ДУШАНБЕ, 24.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Чилдухтарон» рамзи сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб» таҳти чунин унвон дар ноҳияи Муъминобод ҳамоиши миллии сайёҳӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ, фаъолони ҷомеа, р оҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва коришносон доир гардид. Ҳадафи он таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳо ва муаррифии рамзи сайёҳӣ дар иртибот ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Дар ин бораиба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи руши сайёҳии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар кори ҳамоиш масъалаҳои беҳтар намудани сифати хизматрасонии сайёҳӣ, рушди инфрасохтор, ҷалби сармоя, муаррифии зарфиятҳои минтақа тавассути воситаҳои ахбори омма, омодасозии мутахассисони соҳибтаҷриба, омодагиҳо барои қабули сайёҳон баъди буҳрон, ташкили ширкатҳои нави сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои марбути соҳа баррасӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Муъминобод дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди сайёҳии кӯҳӣ, варзишӣ, этнографӣ ва экологӣ мувофиқ мебошад. Минтақаҳои «Чилдухтарон» ва «Чашмаи ҷӯшон» барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷолиби диққатанд.

Инфрасохтори сайёҳии ноҳия 8 мавзеи таърихӣ, 5 меҳмонхона, 14 гестҳаусу ҳомстейҳо, 1 ширкати сайёҳӣ, 10 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 1 чойхона, 2 тарабхона, 48 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 3 нуқтаи хизматрасонии бонкӣ ва банкоматҳо, 3 нуқтаи фурӯши армуғонҳои сайёҳӣ, 1 маркази иттилоотӣ 4 осорхона, 6 мавзеи сайёҳӣ, фарҳангию фароғатӣ, 4 нуқтаҳои хизматрасонии сарироҳиро дар бар мегирад, ки дар хизмати меҳмонони дохиливу хориҷӣ қароро доранд.

Муъминобод минтақаи пурғановат ва овозадори Хатлонзамин буда, аз шимол бо навоҳии Ховалингу Сангвор, аз шарқ ба ноҳияи Шамсидини Шоҳин, аз ҷануб бо шаҳри Кӯлоб ҳамсарҳад мебошад.

Дар ноҳияи Муъминобод ҷалби сайёҳон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва меҳмонони хориҷӣ афзоиш ёфта, дар ин ҷо сайёҳии кӯҳнавардӣ, шикорӣ, экологӣ, табобатӣ ба роҳ монда шудааст.

Муъминободро диёри чашмасор ё ҳазорчашма низ мегӯянд. Захираҳои табиии ноҳия хеле бой буда, 138 навъи растаниҳои шифобахш, 45 навъи растании асаловар ва 98 навъи растании ғизоӣ сабт шудаанд. Олами ҳайвоноти ноҳия гуногун буда, аз водиҳо то минтақаи кӯҳҳои баланд паҳн гардида, барои рушди сайёҳии шикор имконият фароҳам овардааст.

Ин дар ҳолест, ки Кумита бо мақсади воридшавии ноҳияи Муъминобод ба низоми бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.

 

Октябрь 24, 2020 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид