Дар Бадахшон барқарорсозии 17 адад пул ба нақша гирифта шудааст

Октябрь 5, 2020 16:59

ХОРУҒ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зимни татбиқи   лоиҳаи «Мустаҳкам намудани  инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устоворӣ зидди хатарҳои табиӣ» дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  барқарорсозии 17 адад пул  ба нақша гирифта шудааст. Дар ноҳияҳои Дарвоз 2 адад,  Ванҷ 8 адад, Рӯшон 3 адад  ва  Мурғоб  4 адад пулҳои мошингарди харобгашта аз нав барқарор мегарданд.

Ба мақсади амалисозии лоиҳаи мазкур дар ноҳияи Ванҷ навсозии  пулҳои мошингарди харобгашта аз болои дарёи Ванҷоб оғоз ёфт. Се адад аз ин пулҳо дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Техарв бунёд мегарданд, ки  деҳаҳои Чихих, Удоб ва Техарвро бо ҳам пайваст месозанд. Дар  километрҳои 25, 26-уми қитъаҳои роҳи мошингарди Ванҷ-Техарв аз болои ду рӯдхонаи кӯҳӣ ва байни деҳаҳои Чихоху Техарв аз болои дарёи Ванҷоб навсозии пулҳои мошингард идома дорад.

Корҳои сохтмониро  мутахассисони Корпоратсияи чинӣ оид ба сохтмони роҳҳову пулҳо  бар уҳда дорад ва аксари  коргаронро ҷавонони  маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Сокини Ҷамоати деҳоти Техарв Дилшод Убайдов гуфт, ки “аҳолии ҷамоати деҳот аз ин иқдоми ҳукумати мамлакат  бо хушҳолӣ истиқбол гирифтанд. Зеро солҳои охир таҳкурсии пул комилан хароб гашта, ронандагон ҷонро ба хатар гузошта, аз он убур мекунанд. Пули нав ба тамоми меъёрҳои муосир ҷавобгӯст ва иқтидори вазнбардории он низ ду баробар меафзояд. Дарозии пул 50 метр буда, паҳноии он 9 метр аст. Пас аз навсозӣ тавоноии борбардориаш то ба 60 тонна мерасад. Иқтидори вазнбардории се пули дигар низ, ки ҳоло сохтмонашон идома дорад, то ба 60 тонна расонда мешавад”.

Қарор аст, ки ин се пул соли оянда- дар остонаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

Октябрь 5, 2020 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд