Дар Бохтар ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил 203 корманди муваққатӣ ҷалб гардидаанд
ДУШАНБЕ, 01.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вилояти Хатлон маъракаи муҳими сиёсӣ — барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва сардори Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо масъулини маъракаи барӯйхатгирӣ мулоқот намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти раиси шаҳри Бохтар иттилоъ доданд.
Маъракаи муҳими сиёсӣ аз 1 то 15 октябри соли равон идома меёбад. Барои баргузории маъракаи мазкур дар шаҳри Бохтар 203 корманди муваққатӣ ҷалб гардида, дар ихтиёри онҳо 4 шуъбаи барӯйхатгирӣ, 33 қитъаи дастурдиҳии назоратчиён ва 162 қитъаи ҳисобчиён, биноҳои муҷаҳҳаз ва воситаҳои алоқа қарор дода шудаанд.
Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ба ҳайси раиси комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил иброз дошт, ки мақсад аз гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дастрас намудани маълумот дар бораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳисоботи ҷорӣ, пешгӯии шумора ва ҳайати аҳолӣ, омӯзиш, ҷойгиронӣ, истифодаи захираҳои меҳнатӣ ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ заруранд, маҳсуб мешавад.
Сардори Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр дошт, ки дар барӯйхатгирии имсола аввалин маротиба бақайдгирии аҳолӣ тариқи электронӣ, яъне бо истифода аз сомонаи интернетӣ, планшет ва усули анъанавӣ-пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки барӯйхатгирии аҳолӣ дар 10 сол як маротиба гузаронида мешавад. Он маротибаи охирин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 баргузор гардида буд.








Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд






