Дар Бохтар масъалаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавононро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 06.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Юсуф Обидзода дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Бохтар бо омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон вохӯрӣ доир намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мавсуф оид ба масъалаҳои пешгирии наврасону ҷавонон аз ҳар гуна ҷиноят, оворагардӣ, шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳамчунин баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии онҳо, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни наврасону ҷавонон, инчунин таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактабу маориф ва оила изҳори андаша карда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар масъалаи тарбияи насли наврас ҳар фарди ҷомеа бояд бетараф набошад.
Зикр шуд, ки махсусан волидон бояд ҳамеша барои тарбияи фарзандонашон саъй намоянд, зеро оила ҷузъи муҳими ҷамъият ба ҳисоб рафта, тарбия кардан ва ба воя расонидани фарзандон вазифаи аввалиндараҷаи падару модар дар назди Ватан ва халқ мебошад.
Ҳамчунин волидайнро зарур аст, ки дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳми назаррас гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорону хонандагон ва волидони онҳо пайваста вохӯриҳои кормандони милитсия гузаронида мешаванд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






