Дар Душанбе 58 нафар ғолибони даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

Октябрь 29, 2020 16:55

ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар  «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе»  даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардида, дар фазои  тантанавӣ ба ғолибони он  мукофотҳои  пуливу молӣ  ва  «Диплом»-у «Сипоснома»-ҳои мақомоти мазкур тақдим гардиданд. 58 нафар довталабоне, ки дар даври шаҳрии озмуни мазкур ҷойҳои якуму дуюм ва сеюмро  ишғол намуданд,  ба  даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ҷумла, 12 нафар ҷойи якум, 27 нафар мақоми дуюм  ва 19 нафар ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ба ғолибони ҷойи якум 10,000 сомонӣ, мақоми дуюм 7000 сомонӣ ва  сеюм 5000 сомонӣ аз ҳисоби маблағузории фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе  мукофотпулӣ ва «Диплом»-у «Сипоснома»-ҳо  тақдим карда шуданд. Ҳамчунин барои иштироки фаъолона 116 нафар  ширкаткунандагони озмун, намояндагони мақомоти дахлдор, воситаҳои ахбори омма,  ки дар ташкилу  баргузорӣ ва инъикоси ҷараёни озмуни мазкур саҳм гузоштанд,  бо “Сипоснома” ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, маросими ҷоизасупориро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  қарори Раиси шаҳри Душанбе  дар  пойтахт миёни тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ,  донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна,  олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуд.

«Дар даври шаҳрии озмуни мазкур аз  чор ноҳияи пойтахт 174 нафар ғолибони даври дуюми озмун, аз ҷумла  109 нафар тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, 44 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва 21 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок варзида, дар доираи талаботи муқарраргардидаи озмун вобаста ба аз бар намудани осори назмию насрии адибони классик ва муосири тоҷик, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон, истеъдоди шоирӣ ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба васфи Тоҷикистон, дӯстиву бародарӣ, хайру эҳсонкорӣ, ишқи поки инсонӣ, тараннуми ваҳдат, сулҳу субот маҳорат  нишон доданд»,-афзуд М.Муинӣ.

Бояд зикр кард, ки довталабон дар бахшҳои озмун аз рӯи номинатсияҳои «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик»,  «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик», «Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик», «Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» ва номинатсияи «Шоирӣ»  байни худ рақобат намуда, ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муаррифӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки даври шаҳрии озмуни мазкур аз 20 то 23  октябри соли  равон  дар  Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» бо иштироки ҳайати васеи ҳакамон, иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи бахши назму наср, шоирону нависандагон ва аҳли  адаб гузаронида шуд.

Хотиррасон  мешавем, ки ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян гардидааст. Вобаста ба ин 5 феврали соли 2020 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба тасвиб расид.

Тибқи Низомномаи соли 2020 ва бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба он номинатсияи шоирӣ илова гардид. Ҳамчунин имсол дар ҳар номинатсия ба шашнафарӣ аз рӯи ҷойҳои ба даст овардаашон мукофотпулӣ тақдим мегардад.

 

Октябрь 29, 2020 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид