Дар Хоруғ бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ Конференсияи назариявию амалӣ баргузор гардид

Октябрь 23, 2020 10:17

ХОРУҒ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ  бахшида ба 700-солагии шоири шуҳратёри тоҷик Камоли Хуҷандӣ Конференсияи назариявию амалӣ ва ҳамзамон озмун доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ин шоири тавонои тоҷик байни омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Атобек Шукурбеков изҳор дошт, ки “ҳадафи баргузор намудани конференсия ва озмуни мазкур-  ин боло бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳии омӯзгорон аст. Зеро агар омӯзгор ҷӯянда набошаду аз таърихи тамаддунофари халқи худ ва зиндагиномаи намояндагони маъруфи он огоҳии комил надошта бошад, наметавонад насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносӣ ба воя расонад”.

Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами сеюми шаҳри Хоруғ Гуландом Дарвозиева гуфт, ки «Камоли Хуҷандӣ яке аз намояндагони намоёни адабиёти тоҷик буда, дар ғазалсароӣ ҳамрадифи Ҳофизу Саъдӣ шумурда мешавад. Мояи ифтихори халқи тоҷик аст, ки бо пешниҳоди Ҳукумати мамлакат ин санаи таърихиро созмони байналмилалии ЮНЕСКО низ пазируфт ва онро дар баробари халқи тоҷик акнун миллатҳои гуногуни  бисёр  кишварҳои ҷаҳон таҷлил мекунанд».

 

Пас аз Конференсияи назаривию амалӣ  байни омӯзгорон  аз рӯи 6 шарт озмун сурат гирифт. Таҳияи рӯзномаи деворӣ, мақола доир ба эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, қироати ғазал бо оҳанг ва шарҳи ғазал аз зумраи шартҳои асосии ин озмун буданд. Ҳайати ҳакамон аз ҳама бештар ба нутқи иштирокчиёни озмун ва  шарҳу тавзеҳи  ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Баъди баҳсу баррасӣ ҳайати ҳакамон дар шарти сароидани ғазал бо оҳанг ҷои аввалро ба омӯзгорони Мактаб-литсеи Оғохон дода, аз рӯи шарти дуюми озмун- «Рӯзномаи деворӣ» мақоми аввал насиби омӯзгори муассисаи таълимии рақами 12 гардид. Беҳтарин мақола доир ба эҷодиёти Камоли Хуҷандиро  омӯзгори Мактаби президентӣ соҳиб шуд.

Ғолибони озмун бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравии шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ сарфароз гардиданд.

Октябрь 23, 2020 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад