Дар Хоруғ даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 06.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 29 сентябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласа доир гардид, ки дар он нақшаи баргузории даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар маркази ВМКБ, вилояти Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ эълон шуд. Тибқи нақшаи мазкур, даври дуюми озмун аз 5 то 10 октябр дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегардад.
Сардори шуъбаи фарҳанги ВМКБ Сайёд Курбонмамадов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки аз 5 октябр дар шаҳри Хоруғ даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид ва дар он 93 нафар ғолибони даври аввали озмун иштирок доранд.
Мавсуф зикр намуд, ки ҳайати ҳакамон аз 6 нафар- композитор, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Пайрав Мародайсейнов, директори Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев Қиёмиддин Иброҳимов, ҳунарманди анъанавӣ Раҳматулло Ҳошимов, роҳбари бадеии ансанбли давлатии «Фалак», овозхони анъанавӣ Носир Сафаров ва дигарон иборат мебошад.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар даври дуюми озмун талабот нисбат ба даври аввал ҷиддитар мебошад. Аз ин рӯ иштирокдорон бояд бо маҳорати баланд ва истеъдоди нотакрор худро муаррифӣ намоянд. Зеро озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даврҳои якум ва дуюми озмунро дар сатҳи баланд дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор карда, ғолибонро бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадр менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки фарқи озмуни имсола аз соли гузашта он аст, ки дар озмуни имсола омӯзгорон ва устодоне, ки шогирдонашон ғолиб мегарданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд карда мешаванд.








Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард






