Дар Хуҷанд фаъолияти якчанд марказҳои дилхушӣ манъ гардиданд

Октябрь 23, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ  «Ховар»/. 22 октябр дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти якчанд марказҳои дилхушӣ, аз ҷумла «Хваканта», «Опера», «Амнизия», «Парламент», «Шоми Суғд», «Очил», «Ёсуман», «Барбарос» манъ карда шуд. Қарори мазкур аз ҷониби  сардухтури давлатии санитарӣ, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Таҳмина Усмонова баъд аз хулосаи маводи муоинашуда бароварда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, масъулини клубҳои шабона бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд фаъолияти чунин марказҳои дилхуширо дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ намуда, аз мақомоти ҳифзи ҳукуқ даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати амалӣ шудани он мусоидат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки зимни натиҷагирии фаъолияти нуҳмоҳаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вазъи эпидемологӣ таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боздоштани фаъолияти марказҳои дилхушӣ бо мақсади эминии саломатии шаҳрвандон дастур дода шуд.

 

Октябрь 23, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид