Дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон маҳфили илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Камоли Хуҷандӣ ва ворисони ӯ» баргузор гардид

Октябрь 24, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 24.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон маҳфили илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Камоли Хуҷандӣ ва ворисони ӯ» ва маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Камолхонӣ» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Раёсати маорифи вилоят дар ҳамкорӣ бо Идораи телевизион ва радиои вилоят озмуни телевизионии «Камолхонӣ» — ро бахшида ба 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ роҳандозӣ намуд. Озмун байни хонандагони синфҳои 1-11 муассисаҳои таълимии вилоят аз рӯи ду бахш дар се давр — мактабӣ, шаҳрӣ — ноҳиявӣ ва вилоятӣ баргузор карда шуд. Даври аввали озмун моҳи апрели соли ҷорӣ бо иштироки беш аз 5 ҳазор хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ, даври дуюми озмун моҳи август бо иштироки беш аз 1 ҳазор хонанда дар шаҳру ноҳияҳо ва даври ҷамъбастии озмун охири моҳи август бо иштироки 44 нафар ғолибони даври дуюм дар студияи телевизион ва радиои вилоят баргузор гардида, дар натиҷа 13 нафар ғолибон аз руи ду бахш ва ду категорияи синну солӣ(аз 7 то 13 сола ва аз 14 то 18 сола) муайян карда шуданд.

Бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷҷабой Аҳмадзода барои ғолибони номинатсияҳо аз 800 сомонӣ то 500 сомонӣ ҷоиза муқаррар карда шуда, ба барандаи шоҳҷоизаи озмун 1000 сомонӣ тӯҳфаи пулӣ ихтисос дода шуд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун Иброҳимҷон Иброҳимов — хонандаи синфи 10 аз ноҳияи Ашт барандаи «Шоҳҷоиза»-и озмун гардида, бо ҷом, диплом ва маблағи ихтисосдодашуда, қадршиносӣ карда шуд.

Ба гирандагони ҷойҳои ифтихорӣ низ туҳфаҳои пулӣ тақдим гардид.

 

АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 24, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад