Дар Москва бахшида ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг баргузор гардид

Октябрь 7, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия брифинги Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов барои намояндагони воситаҳои ахбори омма бахшида ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 гузаронида мешавад, доир шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар медиҳад, зимни брифинг роҷеъ ба раванди корҳои омодагӣ ҷиҳати баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ, аз ҷумла оид ба номзадҳое, ки аз ҷониби ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон барои иштирок дар интихобот пешбарӣ гардидаанд, маълумот манзур шуд.

Ҳамзамон Сафири Тоҷикистон аз шаҳрвандоне, ки айни замон дар Россия қарор доранд, ҷиҳати иштироки фаъоли онҳо дар ​ интихобот, ки дар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

Имомуддин Сатторов иброз намуд, ки айни замон участкаҳои интихоботӣ дар минтақаҳои номбурдаи Россия барои баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мебошанд.

АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Октябрь 7, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд