Дар ноҳияи Сангвор агросайёҳӣ дар ҳоли рушд мебошад

Октябрь 23, 2020 15:59

ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Лоиҳаи хурди грантии  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби барномаи Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ «JICA» дар Тоҷикистон дар самти тақвияти агросайёҳӣ дар водии Рашт дастгирӣ ёфт, имрӯз дар ноҳияи Сангвор барои  таҳияи нақшаҳои маҳаллӣ оид ба рушди агросайёҳӣ машғулияти омӯзишӣ оғоз гардид.

Бояд зикр  кард, ки Сангвор ноҳияи аграрӣ буда, чорводориву боғпарварӣ, парвариши занбӯри асал, картошка ва дигар намудҳои зироаткорӣ бахшҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ва таъминкунандаи даромади аҳолии ноҳия мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки захираву имконоти ноҳия дар самти рушди агросайёҳӣ то ба ҳол пурра истифода нагардидаанд.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки агросайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳанўз шакли нав ва муосири сайёҳӣ буда, таваҷҷуҳ ба он афзудааст, зеро меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо бевосита дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полезӣ, чун харбузаю тарбуз, меваи хушк, асали болаззаттарин, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза заминаи рушди сайёҳии кишоварзӣ ё агросайёҳӣ ба шумор мераванд.

Манзараҳои дилнишини ноҳияи Сангвор сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намуда,  рушди ин соҳа барои сокинони ин ноҳияи кӯҳистон ҷойҳои нави корӣ таъсис мегарданд ва тиҷорати соҳибкорону бонувоне, ки ба ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, рушд меёбад.

Тавассути татбиқи лоиҳа барои рушди иқтидори мутахассисони маҳаллӣ ва ҷонибҳои манфиатдор дар таҳияи нақшаҳои маҳаллӣ оид ба рушди агросайёҳӣ дар ноҳияҳои водии Рашт машваратҳо гузаронида мешаванд.

Октябрь 23, 2020 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд