Дар Суғд беш аз 68 ҳазору 888 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.10.2020. /АМИТ Ховар/. Имсол деҳқонони вилояти Суғд дар 58 177 гектар чигит корида, азм доранд аз он беш аз 129 ҳазору 500 тонна ҳосили хушсифат ҷамъоварӣ намоянд. Дар вилоят то ба имрӯз 68 ҳазору 888,9 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ гардидааст, ки он ба 53,2 %-и нақшаи дурнамо баробар аст.
Тавре ҷонишини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Рустам Ҷалолов ба мухбири АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Дадобоев хабар дод, холо дар майдонҳои пахтазори вилояти Суғд чиниши пахта бомаром ҷараён дорад.
Аз ҷумла, то 12 октябр дар шаҳри Конибодом ба андозаи 66,2% (8803,0 тонна), ноҳияҳои Мастчоҳ – 61,1% (16760,1 т.), Спитамен – 57,0% (7469,8 т.), Ҷ.Расулов — 56,5% (6910,0 т.), Б.Ғафуров – 48,9% (8895,0 т.), Зафаробод – 44,8% (13412,0 т.) ва Ашт – 43,4% (6639,0 тонна) ҳосил ба нуқтаҳои пахтақабулкунӣ супорида шудааст.
Дар мавсими имсолаи ҷамъоварии «тиллои сафед» дар қаламрави вилоят 42 корхонаи коркарди пахта фаъолият доранд.
Баҳри сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта имрӯзҳо дар майдонҳои ҳафт ноҳияи пахтакори вилоят беш аз 60 ҳазор саҳмдорону ёрдамчиён, намояндагони ташкилоту идораву муассисаҳои гуногун аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба кумаки пахтакорон баромадаанд, ки ҳамарӯза то 2,5 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ менамоянд.
Акс аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






