Дар Суғд беш аз 68 ҳазору 888 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид

Октябрь 13, 2020 16:14

ДУШАНБЕ,  13.10.2020.  /АМИТ Ховар/. Имсол деҳқонони вилояти Суғд дар 58 177 гектар чигит корида, азм доранд аз он беш аз 129 ҳазору 500 тонна ҳосили хушсифат ҷамъоварӣ намоянд. Дар вилоят то ба имрӯз 68 ҳазору 888,9 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ гардидааст, ки он ба 53,2 %-и нақшаи дурнамо  баробар аст. 

Тавре ҷонишини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Рустам Ҷалолов ба мухбири АМИТ «Ховар»  Абдуаҳад Дадобоев хабар дод, холо дар майдонҳои пахтазори вилояти Суғд чиниши пахта бомаром ҷараён дорад.

Аз ҷумла, то 12 октябр дар шаҳри Конибодом ба андозаи 66,2% (8803,0 тонна), ноҳияҳои Мастчоҳ – 61,1% (16760,1 т.), Спитамен – 57,0% (7469,8 т.), Ҷ.Расулов — 56,5% (6910,0 т.), Б.Ғафуров – 48,9% (8895,0 т.), Зафаробод – 44,8% (13412,0 т.) ва Ашт – 43,4% (6639,0 тонна) ҳосил ба нуқтаҳои пахтақабулкунӣ супорида шудааст.

Дар мавсими имсолаи ҷамъоварии «тиллои сафед» дар қаламрави вилоят 42 корхонаи коркарди пахта фаъолият доранд.

Баҳри сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта имрӯзҳо дар майдонҳои ҳафт ноҳияи пахтакори вилоят беш аз 60 ҳазор саҳмдорону ёрдамчиён, намояндагони ташкилоту идораву муассисаҳои гуногун аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба кумаки пахтакорон баромадаанд, ки ҳамарӯза то 2,5 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ менамоянд.

Акс аз манбаъҳои боз

Октябрь 13, 2020 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд