Дар Тоҷикистон боз як бонки нав — «Саноатсодиротбонк» ба фаъолият шуруъ кард
ДУШАНБЕ, 24.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон боз як бонки нав – «Саноатсодиротбонк» ба фаъолият шуруъ кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ин росто, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба Раиси Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшо Бобозода барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ Иҷозатнома супорид. Бонки мазкур бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» таъсис дода шудааст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба Раиси Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшо Бобозода барои васеъ кардани доираи фаъолият дар манотиқи кишвар, таъсиси филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии нав, мусоидат ба миёнаравии молиявӣ дар ҷумҳурӣ ва ба ин васила саҳм гузоштан дар дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва истеҳсолоти воридотивазкунанда ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодиёти кишвар изҳори боварӣ кард.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба роҳбари боз як Бонки навтаъсис дар кишвар барои фаъолияти пурсамар ва амалӣ намудани нақшаҳои дар пешгузошта ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди низоми бонкӣ ва сазовор гардидан ба боварии Сарвари давлат муваффақият орзу намуда, омодагии хешро барои ҳамкории судманд ва дастгирии ҳамаҷониба баён дошт.
Маврид ба зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019) ба Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» табдил дода шуда, ҳадафи аслии он дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ мебошад.
АКСҲО аз БМТ








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд






