Дар Тоҷикистон дар бахши саноати сабук беш аз 20 корхонаю коргоҳ таъсис ёфтанд

Октябрь 29, 2020 08:50

ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар бахши саноати сабук соли равон дар ҷумҳурӣ 26 корхонаю коргоҳи нав ба истифода дода шуданд, ки тавассути онҳо беш аз 490 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор  таъмин гардиданд.

Дар ин хусус Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Соли 2020 дар мамлакат корхонаҳои саноатии «Ваҳдат Текстайл» бо иқтидори солонаи истеҳсоли 19,2 миллион ҷуфт ҷӯробҳои гуногун дар шаҳри Душанбе, марҳилаи дуюми ҶДММ «Фарм Текс» бо иқтидори солонаи истеҳсоли 5 миллион дона докаи тиббӣ дар ноҳияи Данғара, ҶДММ «Тоҷтекс» бо иқтидори 20 ҳазор дона маҳсулоти дӯзандагӣ дар як шабонарӯз дар шаҳри Душанбе, инчунин коргоҳҳои дӯзандагӣ дар заминаи ҶДММ «Сано» ва ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» дар шаҳри Хуҷанд, дар шаҳрҳои Хоруғ ва  Ҳисор, ноҳияи Шаҳринав ва коргоҳи истеҳсоли мебел дар ноҳияи Шаҳринав расман ба фаъолият оғоз намуданд.

Самти фаъолияти корхонаю коргоҳҳои навтаъсис ба коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, ҷӯробҳо, халтаҳои полипропиленӣ, пахтаи кӯрпабоб, пойафзол ва мебел равона гардидааст. Ҳамзамон бо мақсади васеъ гардонидани фондҳои истеҳсолӣ, татбиқи раванди инноватсионӣ ва беҳтар гардонидани сифати маҳсулот дар корхонаҳои соҳаи саноати сабук  давоми нуҳ моҳи имсол ба маблағи 85,0 миллион сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ, аз қабили дастгоҳҳои қолинбофӣ, кешбофӣ, бофандагӣ, халтабарорӣ ва дӯзандагӣ аз кишварҳои Россия, Чин, Туркия, Австрия, Эрон ва Корея ворид ва васлу насб карда шуданд.

Таъсиси 26 корхонаю коргоҳи нав дар соҳаи саноати сабук дар ҷумҳурӣ дар ҳолест, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми  стратегӣ эълон гардидааст.

Октябрь 29, 2020 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид