«Электроторгмаш»-и Украина пешниҳод намуд, ки дар Суғд Маркази барқу гармидиҳӣ созад
ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи «Электроторгмаш»-и Ҷумҳурии Украина метавонад бо вилояти Суғд ҳамкорӣ ба роҳ монда, тибқи дархост Маркази барқу гармидиҳӣ бунёд намояд. Зеро таҷрибаи корхона дар ин самт калон аст. Ин нуктаро намояндаи корхонаи «Электроторгмаш»-и Ҷумҳурии Украина Виктор Меленетс зимни вохӯрӣ бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндаи корхонаи «Электроторгмаш»-и Ҷумҳурии Украина Виктор Меленетс ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат Раиси вилоят оид ба имконоти мавҷудаи соҳаи энергетика ва рушди соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумот дод.
Зикр карда шуд, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас ва лоиҳаҳо дар мамлакат сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқӣ-обӣ ҷараён дошта, ба кор оғоз намудани агрегатҳои якуму дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» имкон дод, ки фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тавсеа бахшида шавад.
Дар зимн гуфта шуд, ки дар маркази вилоят теъдоди зиёди биноҳои баландошёна ва корхонаву иншоот мавҷуд буда, дар оянда ба бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ низ афзалият дода мешавад.
Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба охир расид.








Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ — барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд






