«Электроторгмаш»-и Украина пешниҳод намуд, ки дар Суғд Маркази барқу гармидиҳӣ созад

Октябрь 9, 2020 10:33

ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи «Электроторгмаш»-и Ҷумҳурии Украина метавонад бо вилояти Суғд ҳамкорӣ ба роҳ монда, тибқи дархост​ Маркази барқу гармидиҳӣ бунёд намояд. Зеро таҷрибаи корхона​ ​ дар ин самт калон аст. Ин нуктаро намояндаи корхонаи «Электроторгмаш»-и Ҷумҳурии Украина  Виктор Меленетс зимни вохӯрӣ бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндаи корхонаи «Электроторгмаш»-и Ҷумҳурии Украина Виктор Меленетс ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раиси вилоят оид ба имконоти мавҷудаи соҳаи энергетика ва рушди соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумот дод.

Зикр карда шуд, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас ва лоиҳаҳо​ дар мамлакат сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқӣ-обӣ ҷараён дошта, ба кор оғоз намудани агрегатҳои якуму дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» имкон дод, ки фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тавсеа бахшида шавад.​

Дар зимн гуфта шуд, ки дар маркази вилоят теъдоди зиёди биноҳои баландошёна ва корхонаву иншоот мавҷуд буда, дар оянда ба бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ низ афзалият дода мешавад.​

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба охир расид.​ ​

Октябрь 9, 2020 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд