Хазинаи Байналмилалии Асъор тадбирҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Тоҷикистонро натиҷабахш арзёбӣ намуд

Октябрь 29, 2020 14:50

ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябри соли 2020 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Падамжа Ханделвал дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо  тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳон, ҷамъбасти натиҷаҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар 9 моҳи соли 2020, таъсири хавфҳои дохилию берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, ислоҳоти анҷомдодашуда ва чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тақвият додани самтҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Зикр гардид, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ таъсири пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус соҳаҳои молия, савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла боркашонию мусофиркашонӣ эҳсос мегардад.

Ҳамин тариқ, дар 9 моҳи соли 2020 рушди иқтисодиёти мамлакат 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 банди фоизӣ кам аст.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар мавриди сари вақт роҳандозӣ нагардидани чораҳои зиддибуҳронӣ рушди иқтисоди миллӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 эҳтимол ба 1,2 фоиз ба ҷойи 4,2 фоиз баробар мешуд.

Ҷониби ХБА тадбирҳои зиддибуҳронии андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар муқоиса ба дигар кишварҳо самаранок ва натиҷабахш арзёбӣ намуд.

Бинобар ин ХБА дар асоси натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дурнамои худро оид ба рушди иқтисодии Тоҷикистон бозбинӣ намуда, онро аз 2 фоиз таназзули қаблӣ то ба 1 фоизи рушд баланд намуд.

Октябрь 29, 2020 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад