ХУДРО ДАР ТАЪРИХ САБТ НАМО! Дар Тоҷикистон барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 01.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз соати 8-и субҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ — барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки он то 15 октябри соли равон идома меёбад.
Тартиби гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Интернет-пурсиш ва ба воситаи планшет сурат мегирад. Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ мақомоти омори давлатӣ аз се усул — Интернет-пурсиш, пурсиш бо истифода аз планшет ва усули анъанавӣ (коғазӣ) истифода менамоянд.
Сардори раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентии омор Ворис Муродзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ иброз намуд, ки бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар шаҳр ва шаҳракҳо беш аз 3500 планшет, ки дар он барномаи махсус барои гузаронидани ин маърака насб карда шудааст, истифода мешавад. Тибқи маълумоти пешакӣ, беш аз 30% аҳолии мамлакат бо истифода аз планшет аз рӯйхат гузаронида мешавад.
Барои беҳтар намудани сатҳу сифати корбарӣ аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсату шуъба ва бахшҳои омори шаҳру ноҳияҳои мамлакат компютерҳои замонавӣ, ноутбукҳо, принтер, факс ва инчунин мебелҳои замонавӣ-мизи корӣ, ҷевон, курсӣ, роҳаткурсӣ ва маҷмӯи дигари таҷҳизот дастрас карда шуданд.
Барои гузаронидани ин маърака кормандони муваққатӣ аз ҳисоби шахсони соҳибмаълумоти муваққатан бекор, кормандони соҳаи маориф, тиб, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, ки дар корҳои гузаронидани интихобот иштирок кардаанд, маҳалро хуб медонанд, аҳолии маҳали ба онҳо вобастаро мешиносанд ва бо аҳолӣ муошират карда метавонанд, ҷалб шудаанд.
Дар маҷмӯъ барои гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 27 ҳазору 500 нафар кормандони муваққатӣ ҷалб гардидаанд.
Натиҷаҳои аввали барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар семоҳаи якуми соли 2021 ҷамъбаст ва нашр хоҳанд шуд.
Барӯйхатгирии аҳолӣ маъракаи муҳими давлатию сиёсӣ арзёбӣ гардида, натиҷаҳои он маҳз барои таҳияи стратегияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ, баҳодиҳии вазъи демографию иҷтимоии аҳолӣ ва сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат нақши муҳим доранд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






