ХУШО, КИ БОРИ ДИГАР ҶАШНИ МЕҲРГОН ОМАД! Ин иди миллӣ дар Душанбе бо баргузории Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ ҷашн гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо баргузории Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Дар ҷашнгоҳ деҳқонони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзаҷот ва меваҷотро бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон менамоянд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода гардида, ҳунармандони мардумӣ осори дастии хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд. Дар ин рӯз баргузории барномаҳои фарҳангию театрӣ низ дар назар аст.
Тавре сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ Кароматулло Саидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, вазорат зимни таҷлили Иди Меҳргон, Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ як гурӯҳ кишоварзони фаъоли мамлакатро, ки соли равон нишондоди беҳтаринро дар соҳа ба даст овардаанд, бо туҳфаҳои молию пулӣ ва «Диплом»-у «Ифтихорнома»-ҳо ҳавасманд мегардонад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷашн намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Донишкадаи аграрии Тоҷикистон ва фаъолони вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
«Мояи ифтихор аст, ки баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷашни ниёкони мо «Меҳргон» эҳёи дубора пайдо кард ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 он дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ таҷлил карда мешавад. Имсол ҷашни Меҳргон, ки ба 18 октябр рост омадааст, дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Рӯзи кишоварзон ва Фестивали шолию биринҷ доир мегардад», -афзуд Кароматулло Саидов.
Бояд гуфт, ки Иди Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, он мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Меҳргон» рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад».
Дар Иди Меҳргон мардум рӯйи хон меваҳои тару тоза мегузоштаанд, аз қабили шакар — ширин гузаронидани умр, хурмо–серҳосилӣ ва лаззати зиндагӣ, норгил ё чормағз–сахт будани тан ва сермағзӣ, ҷавзи ҳиндӣ–пурборӣ, муруд–хушии зиндагӣ, пуртоқатӣ ва серборӣ, ҷоми тиллоӣ–шаҳомат, покӣ, баракат, анор–серфарзандӣ ва равғани зайтун–хушбӯйӣ, яъне ҳар кадоме рамзеро доро будаанд.
Меҳргон воқеан ҳам ҷашни мардумӣ буда, маҳбубияти он аз замонҳои бостон то рўзгори мо расидааст. Чуноне ки шоири ҷавон Рустами Аҷамӣ онро чунин васф намудааст:
Ба боми хонаи мо меҳри хусравон омад,
Фурўғи хотираи аҳди бостон омад.
Ҷамоли мо шуда равшан зи меҳри тобонаш,
Хушо, ки бори дигар ҷашни Меҳргон омад.








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






