Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 11.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба номзади дилхоҳи худ овоз доданд.
Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба участкаи интихоботии рақами 15 ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ 2, ки дар маҳалли зисташон қарор дорад, ташриф оварданд.
Тавре аён гардид, мардум дар ин участкаи интихоботӣ низ чун ҳамаи участкаҳои дигар дар тамоми қаламрави кишвар хеле фаъоланд.
Иштирок ва овоздиҳии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури шумораи зиёди нозирон аз созмонҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ ҷараён гирифт.
Овоздиҳии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи васеи намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ инъикос карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






