Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рӯйдодҳои Ҷумҳурии Қирғизистон

Октябрь 9, 2020 14:39

ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рӯйдодҳои Ҷумҳурии Қирғизистон изҳороти муштарак қабул намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар изҳороти муштараки сарони давлатҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рӯйдодҳои Ҷумҳурии Қирғизистон, аз ҷумла, омадааст:

«Рӯйдодҳое, ки дар Қирғизистони бародар рух дода истодаанд, , боиси нигаронии ҷиддии мо  гардидаанд.

Мо ҳамчун ҳамсояҳои наздик, ки бо риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек, арзишҳои муштараки фарҳангию маънавӣ пайванданд, аз мардуми Қирғизистон даъват менамоем, ки дар ин рӯзҳои душвор ба хотири ҳифзи сулҳ ва барқарории субот дар кишвар хиради хоси худро нишон диҳанд.

Изҳори умед менамоем, ки ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва доираҳои ҷамъиятии Қирғизистон барои таъмини сулҳу осоиштагӣ ва ҳалли масъалаҳои ба миён омада бо риояи Конститутсия ва қонунгузории миллӣ талошҳои зарурӣ ба харҷ хоҳанд дод.

Пешрафти Қирғизистон омили муҳими амнияти минтақавӣ ва рушди устувори тамоми Осиёи Марказӣ мебошад.

Мамлакатҳои мо як гузашта доранд ва ояндаи муштарак месозанд. Халқҳои Осиёи Марказиро таърихан талошҳои сулҳи пойдор, ҳамоҳангӣ ва созандагӣ ба манфиати наслҳои оянда муттаҳид мекунад.

Бо истифода аз ҳадафҳои умумӣ, давлатҳои мо ҳамкории минтақавиро барои тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ, коммуникатсионӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва  ҳамкориҳои марзию байниминтақавӣ фаъолона тақвият медиҳанд.

Дар масири тақвияти минбаъдаи ҳамбастагии Осиёи Марказӣ пеш рафта, мо мардуми Қирғизистонро дар талошашон барои ваҳдат, рушди осоишта, соҳибистиқлолӣ ва шукуфоӣ ҳамеша дастгирӣ хоҳем кард».

Октябрь 9, 2020 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд