«Кӯлоб 5000-сола аст!», «Авиатсияи гражданӣ ва COVID-19», «Фолбинӣ ва ё жожхоӣ» — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2020 15:12

ДУШАНБЕ, 22.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, бузургдошти Камоли Хуҷандӣ, таҷлили ҷашни Меҳргон, ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус аз ҷумлаи муҳимтарин маводи матбуоти даврии Тоҷикистон мебошанд, ки давоми ҳафтаи сипаригардида ба нашр расиданд.

 Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи №205 — 206 (24 061) панҷшанбе, аз 15 октябр таҳти унвони «Роғун» барои садсолаҳо бунёд мешавад», табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд, корхонаҳои саноатӣ, ки дар вилоят бунёд гардидаанд ва дигар масъалаҳои иқтисодӣ,  иҷтимоӣ, сиёсӣ, байналхалқӣ ва фарҳангию гуманитариро ба нашр расонидааст.

«Кӯлоб 5000 – сола аст!» — таҳти ин унвон дар нашрияи мазкур мусоҳибаи махсус нашр шудааст, ки дар он хабарнигорони рӯзнома дар бораи бозёфти бостоншиносии миллии асри XXI маълумот медиҳанд ва таъкид мекунанд, ки ин бозёфт далолат ба он мекунад, ки Кӯлоб на 2700, балки тақрибан 5000 — сола аст.

Дар саҳифаи аввали «Ҷумҳурият»  №207 (24 062), душанбе, аз 19 октябр таҳти унвони «Камол шоири бузурги Шарқ аст» суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, «Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номаҳои табрикотии ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ воридгардида нашр шудаанд.

Дар шумораи навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» №208 (24 063), сешанбе, аз 20 октябр таҳти унвони «Паёмоварони сулҳу дӯстӣ», «Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Хатлон-бардошт аз нуҳ моҳе, ки гузашт», «Рухом» эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар санг», «Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи кинои тоҷик», «Авиатсияи гражданӣ ва COVID-19», «Иди Меҳргон ҳамчун бренди сайёҳӣ муаррифӣ гашт», «Фолбинӣ ва ё жожхоӣ» матолиб ва дигар хабару гузоришҳо нашр шудаанд.

Дар маводи «Фолбинӣ ва ё жожхоӣ» публитсист Умари Шерхон чунин нигоштааст: «Қатъи назар аз жож хоиданҳои «евромуллоҳо» интихобот дар Тоҷикистон бидуни пархож сурат гирифт… Ҳамчун мард эътироф бояд кард, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушоҳидони зиёди байналмилалӣ назорат бурданд. Расонаҳои мамолики хориҷӣ, аз ҷумла ВВС, Евронюс ин маросими муҳимро шаффофу демократӣ арзёбӣ намуданд…».

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» дар шумораи нашри рӯзи сешанбе, №130 (4236) аз 20 октябр оид ба сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд, ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории ҷаласаҳои онлайнии комиссияҳои доимии АБ ИДМ мақолаҳо ба нашр расонидааст.

Нашрияи расмии русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон —«Народная газета»  аз 21 октябр, №44, дар саҳифаи аввал мавод оид ба иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ  «Глава государства Эмомали Рахмон принял участие в Международном симпозиуме в честь 700-летия Камола Худжанди» чоп кардааст.

Инчунин дар ин шумора бахшида ба 5500-солагии Саразм таҳти унвони «Роль лидера нации в возрождении исторической памяти»,  «Постановление Центральной комиссии по выборам и референдумам Республики Таджикистан “Об утверждении окончательных выборов Президента Республики Таджикистан 11 октября 2020 года», «Глава государства посетил Рогунскую ГЭС», «Рогунская ГЭС строится на столетия», «Рабочая поездка Лидера нации Эмомали Рахмона в Согдийскую область» ва «Поздравления лидеров зарубежных стран и видных деятелей в адрес Президента Республики Таджикистан»    мавод нашр шудаанд.

Ҳамзамон дар ин шумора  таҳти унвони «Таджикский народ проголосовал за действующего Президента» ва «Международные эксперты о выборах Президента Таджикистана» маводи таҳлилӣ оид ба натиҷаҳои   интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи чоп омаданд.

Хонандагони ин нашрия метавонанд аз саҳифаҳои ин нашрия  доир ба фаъолияти  Парлумон, соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва кишоварзӣ аз пойтахт ва минтақаҳо маълумоти муфассал дарёфт намоянд.

«Минбари халқ»- нашрияи марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  дар шумораи  43, чоршанбе, аз 21 октябри соли равон  хабару гузоришҳоро аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ,  бузургдошти Камоли Хуҷандӣ, табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таълиму тарбияи насли худогоҳ интишор намудааст.

Дар ин шумора ҳамчунин мақолаҳо таҳти унвони «Таҳаввулоти маданӣ ва таълиму тарбияи насли худогоҳ», «Донишҷӯи тоҷик дар Россия қадрдонӣ шуд», «Хиёнат»: оинаи ҳақиқатнамои таърих», «Хори Ватан аз лолаю райҳон хуштар» ва дигар  матолиб  чоп гардидаанд.

Муаллифи мақолаи таҳлилии «Хиёнат»: оинаи ҳақиқатнамои таърих» вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Фраксияи ҲХДТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Гулбаҳор Назирӣ навиштааст, ки «дар филми «Хиёнат» ягон чизи бофтаю хаёлӣ нест. Аз ҳама асосиаш, дар самти мубориза бо терроризиму экстремизм аслиҳаи тавоно будани филми мазкур аст. Ягон нафар, аз ҷумла худи он палидону ватанфурӯшон эрод гирифта наметавонанд, ки лаҳзаҳои филм аз ҳақиқат дур ё сохтаву бофта мебошад. Ҳар сухан бо овардани далели қатъӣ, навору аксу ҳуҷҷат ва шаҳодати шоҳидони замон тасдиқи худро меёбад».

 Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 22, 2020 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои самараноки «Пардохти ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад